Мусобиқаи шашка ва шоҳмот бахшида ба 30-солагии Иҷлосияи XVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Восеъ: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

Бо ташаббуси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Восеъ  миёни наврасону ҷавонон бахшида ба 30-солагии Иҷлосияи XVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон мусобиқаи шашка ва шоҳмот баргузор гардид.

Дар мусобиқаи баргузоргардида, ки дар доираи нақша –чорабиниҳои Аксияи ҷумҳуриявии “Албом-Эстафета” доир гардид, зиёда аз 50 нафар наврасону ҷавонон ширкат варзида, миёни ҳам сабқат намуданд. Пас аз қувваозмоӣ беҳтаринҳо муайян шуда, аз тарафи вакилони Иҷлосияи XVI-уми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Адолат Раҳмонова, Рафиқа Мусоева, раиси КИ ҲХДТ дар вилояти Хатлон Миралиён Қиёмиддин ва раиси ноҳияи Восеъ Шарифзода Ҷамшед Раҳмон бо тӯҳфаҳои хотиравӣ қадрдонӣ гардиданд. 

Зимни сӯҳбат бо ҷавонон масъулин иброз доштанд, ки яке аз дастовардҳои асосӣ ва бузурги ҷавонон дар замони соҳибистиқлолӣ таваҷҷуҳи падаронаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон нисбат ба ҷавонон ва ҳамчун самти афзалиятнок қабул донистани сиёсати давлатии ҷавонон мебошад. Бинобар ин сабаб ҳар як ҷавони худогоҳу хештаншиносро зарур аст, ки аз шароитҳое, ки имрӯз Пешвои миллат барои ҷавонон муҳайё кардааст самаранок истифода намуда, баҳри пойдории сулҳу суботи кишвар, сарсабзу хуррамгардонии кишвари азиз сидқан талош намоем.