Асарҳои Пешвои миллат барои насли ҷавон мояи ифтихор ва намунаи ибрат аст.

Восеъ: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

Шахсияти Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои кулли ҷомеъа, бахусус ба наврасон ва ҷавонон, мояи ифтихор ва намунаи ибрат аст.

Мақоми асарҳои пурғановати Пешвои миллат дар ҷодаи тарбияи ҷавонон дар натиҷаи мутолиаи асарҳои «Тоҷикон дар оинаи таърих», «Тоҷикистон дар остонаи фардо», «Ҷавонон ояндаи миллат», «Тоҷикон дар оинаи таърих, Аз Ориён то Сомониён», «Истиқлолият неъмати бебаҳост», «Тоҷикистон: даҳ соли истиқлолият, ваҳдати миллӣ ва бунёдкорӣ», «Истиқлолияти Тоҷикистон ва эҳёи миллат», «Сарнавишти миллати соҳибтамаддун», «Мероси Имоми Аъзам ва гуфтугўи тамаддунҳо», «Чеҳраҳои мондагор» таъсири хуб дорад.

Вақте, ки шахс асарҳои Пешвои миллатро мутолеа менамояд, бевосита кўшиш ба харҷ медиҳад, то дар ҷомеа саҳмгузор бошад, амалеро иҷро намояд, ки ба нафъи миллату давлат ва ояндаи дурахшони Ватани азизамон бошад, зеро муаллиф дар асарҳои хеш хислатҳои ҳамидаи инсониро тараннум намуда, ҳамеша манфиати ҷомеа ва давлатро аз манфиатҳои шахсию гурӯҳӣ боло гузоштаанд.

Бо ин мақсад зимни баргузории Аксияи ҷумҳуриявии “Албом-Эстафета” меҳмонони олиқадр аз намоиши маҷмӯи китобҳои пурмӯҳтавоӣ Пешвои миллат, Раиси муаззами ҲХДТ, мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дидан намуда, ҷавононро барои хондани ин асарҳо талқин намуданд.