Боз як иншооти гигиенӣ бо усули дренажӣ сохта ба истифода дода шуд.

Восеъ: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

Бо мақсади иҷрои дастуру супоришҳои мақомоти болоии ҳизбӣ ва дар амал татбиқ намудани аксияи ҳизбии “Якҷоя месозем!” бо ташаббус ва ибтикори соҳибкорони ноҳиявӣ дар ташкилоти ибтидоӣ ҳизбии “Султони Кабир”-и ҷамоати шаҳраки Ҳулбуки ноҳияи Восеъ иншооти гигиенӣ - ҳоҷатхона ва ҷойҳои дастшӯйи бо усули дренажӣ сохта ба истифода дода шуд.

Бояд қайд намоем, ки ҳамарӯза аз ҷониби кормандони Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Восеъ миёни аҳолии ноҳия корҳои  тарғиботиву фаҳмондадиҳӣ оиди азнавсозии иншоотҳои гигиенӣ дар манзилҳои истиқоматӣ, муассисаву корхонаҳо, меҳмонхонаву шоҳроҳҳо баргузор карда мешавад

Ташаббуси роҳандозинамудаи ҳизбиёнро сокинони ноҳия иқдоми саривақтӣ дониста, дар азнавсозии иншоотҳои гигиенӣ дар манзилҳои истиқомати худ ва дигар ҷойҳо саҳми хешро хоҳанд гузошт.