Ҷараёни корҳои ободониву созандагӣ дар муассисаҳои таълимии ҳудуди ноҳияи Восеъ

Восеъ: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

Сохта ба истифода додан ва ё дар ободиву зебогии ягон муассисаи таълимӣ саҳм гузоштан яке аз амалҳои хайр ба шумор рафта, номи шахсони дар чунин амалҳои хайр саҳмгузошта як умр дар ёдҳо ҳамчун инсони хайрхоҳу накӯкор боқӣ мемонад.

Чунин як ташаббуси хайрхоҳона дар ташкилоти ибтидоии ҳизбии “Восеободи хурд” дар муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №64-и ҷамоати деҳоти ба номи Абдӣ Авазови ноҳияи Восеъ таҳти унвони «Якҷоя месозем!» баргузор гардид.

Дар Аксияи баргузоргардида бо ташаббуси шахсони хайрхоҳу саховатпеша саҳни муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №64 ноҳияи Восеъ ба пуррагӣ бетонпӯш (стяжка) карда шуда, корҳои ободонию созандагӣ дар ин самт ҷараён доранд.