ҲАФТАИ АДИБ БО ИШТИРОКИ АЪЗОЁНИ ТҶҶ “СОЗАНДАГОНИ ВАТАН”

Вахш: Созандагони ватан  

Бо мақсади хизмати шоёни шоир, нависанда, устод Меҳмон Бахтӣ, ки дар соҳаи забон ва адабиёти тоҷик хизматҳои арзанда ва мероси гаронбаҳоро боқӣ мондааст дар муассисаҳои таълимии ноҳия ҳафтаи адиб баргузор гардид. Устод муаллифи қиссаҳои «Оҳи сабук» (1971), «Хубон» (1978), «Пирамард» (1982), «Се соати даҳшатбор» (1988) ва маҷмӯаи намоишномаҳои «Лаҳзаи ҷовид» (1972), кутуби шеърҳои «Пайғоми баҳор» (1975), «Хаёли ширин» (1985), китоби қиссаву ҳикояву мақолаҳои «Рӯҳи тавоно» (1987), маҷмӯаи намоишномаҳои «Эҳ, ҷавонӣ, ҷавонӣ…» (1980), китоби қиссаву ҳикояҳои «Оҳи сабук» (1987), маҷмӯаи «Пйесаҳо» (1982), гулчини қиссаву намоишномаҳои «Манзари қисмат» (2003), достони «Бозтоби Офтоб» (2006), маҷмӯаи «Қиссаҳо» (2007, ба забони русӣ) «Оҳанги хаёл» (2011) мебошад. Повести «Хубон» (1982) дар маҷаллаи бонуфузи Иттифоқи нависандагони Шӯравӣ «Дружба народов» чоп шуда, баъдан, бо пешниҳоди маҷалла, сазовори Мукофоти ба номи Николай Островский гардидааст. Ҳамчунин, соли 1980 дар нашриёти «Ирфон» таҳти силсилаи «Илҳом» аз чоп баромада ба унвони «Китоби сол» сазовор гаштааст ва ба сифати китоби алоҳида дар Туркия, Гурҷистон, Қирғизистон ва Туркманистон ба табъ расидааст.

Аъзоёни ТҶҶ “Созандагони Ватан” аз МТМУ №30, бо қироати шеъру достонҳо ва саҳнаҳо аз эҷодиёти мутаффакири шинохта дар саҳни муассисаи таълимӣ маҳфили адабиеро баргузор намуданд, ки саршор аз ҳидоятҳо ба ватандӯстию хештаншиноси ва арҷгузорӣ ба таъриху тамаддуни миллати тоҷик буд.

Шуъбаи таблиғот ва иттилооти Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Вахш