БАРГУЗОРИИ “ДАРҲОИ КУШОД” ДАР ЛКТ №60

Вахш: Созандагони ватан  

Ҳунарманд коргоҳ намеҷӯяд ва ба куҷое, ки наравад, метавонад бо ҳунараш музд пайдо намояд, то боиси рӯзгузарониаш гардад.

Бо мақсади омӯзиши насли наврас оид ба ҳунарҳои милливу мардумӣ ва инчунин касбу кори гуногун имрӯзҳо дар кишвари азизамон ҳазорҳо боргоҳи илму маърифат фаъолият намуда истодааст, ки яке аз чунин даргоҳи ҳунар ин ЛКТ №60, ноҳияи Вахш мебошад, ки тайи солҳои охир ҳазорҳо нафар ҷавононро соҳиби касбу кори гуногун намудааст. Дар ин замина имрӯз дар ин боргоҳи ҳунар барои хонандагону наврасон “Дарҳои кушод” баргузор карда шуд, ки дар рафти он хонандагон аз тамоми муассисаҳои таълимии ноҳияи иштирок намуда, ба рафти таълиму тарбия ва касбомӯзи муассисаи мазкур шинос гардиданд.

 

Шуъбаи таблиғот ва иттилооти Кумитаи иҷроияи

Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Вахш.