“СОЛИ МАЪРИФАТИ ҲУҚУҚӢ” ЗАМИНАГУЗОР ДАР БАЛАНД БАРДОШТАНИ МАЪРИФАТИ ҲУҚУҚИИ ШАҲРВАНДОН!

Вахш: Андеша  

Баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии шаҳрвандон яке аз вазифаҳои муҳимтарин ва аввалиндараҷаи кишварҳое мебошад, ки роҳи бунёди давлати демократӣ ва ҳуқуқбунёдро интихоб намудаанд. Ҷумҳурии Тоҷикистон тибқи қисми якуми моддаи 1-и Конститутсияи мамлакат давлати соҳибихтиёр, демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунявӣ ва ягона эълон шудааст. Арзишҳои гуфташуда собит менамоянд, ки дар таърихи инсоният онҳо аз арзишҳо дар самти таъмини ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд беҳтар дониста мешаванд.

Бо мақсади баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии шаҳрвандони кишвар Пешвои муаззами миллат дар Паёми навбатии хеш аз 28.12 соли 2024, бахшида ба 30-юмин солгарди қабули ҳуҷҷати сарнавиштсози миллат Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон соли 2024 –ро “Соли маърифати ҳуқуқӣ” эълон намуданд, ки ин мақсад аз ҳадафи асосии сиёсати ҳуқуқии кишвар қарор гирифтани масъалаи баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии шаҳрвандон низ дар робита расидан ба ҳадафу мақсадҳо ва вазифаҳои давлати ҳуқуқбунёд, аз ҷумла баҳри дар амал татбиқ намудани ҳама арзишҳои давлати ҳуқуқбунёд аз қабили волоияти ҳуқуқ ва қонун ба ҳисоб меравад.

Бояд зикр намуд, ки  таърихи начандон зиёди даврони соҳибистиқлолӣ собит менамояд, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон пас аз ба даст овардани Истиқлолияти давлатӣ ва гузариш аз як сохт ба сохти дигари идоракунӣ масъалаи ташаккул ва баланд бардоштани фарҳангу маърифати ҳуқуқии шаҳрвандонро бо дарназардошти сохти нави идоракунии давлатӣ ҳадафи асосӣ ва вазифаи аввалиндараҷаи сиёсати ҳуқуқии худ қарор додааст. Дар ин замина давоми солҳои соҳибистиқлолии кишвар як қатор қонун, қарор, стратегия ва барномаҳои давлатӣ дар самти баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии шаҳрвандон дар асоси дастуру супоришҳои Пешвои муаззами миллат ба хотири некуаҳволии мардуми кишвар ва баланд бардоштани савияи дониши ҳуқуқии онҳо қабул гардидааст. Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар солҳои 90-ум масъалаи баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии аҳолии кишварро хело муҳим ва мубрам ҳисобида 9 апрели соли 1997 Фармон «Дар бораи сиёсати ҳуқуқӣ ва таъмини тарбияи ҳуқуқии шаҳрвандони Ҷyмҳypии Тоҷикистон»-ро қабул намуданд. Ин фармон бо мақсади таъмини волоияти қонун дар ҷомеа, баланд бардоштани сатҳи маърифати ҳуқуқии аҳолӣ ва пешгирии қонунвайронкуниҳо қабул шуд.

Тоҷикистони соҳибистиқлол ҷиҳати баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии табақаҳои гуногуни ҷомеа тадбирҳои заруриро амалӣ намуда, дар ин самт якчанд санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ қабул намудааст:

- Қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи баъзе чораҳои беҳтар намудани тарбияи ҳуқуқии шаҳрвандон ва кори ҳуқуқӣ дар ҷумҳурӣ» аз 22 августи соли 1997

- Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи таҳкими ҷараёни демократикунонии ҳаёти ҷамъиятӣ-сиёсӣ дар ҷумҳурӣ» аз 1 декабри соли 1999.

- дар бораи «Барномаи низоми давлатии омӯзиши ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» аз 12 июни соли 2001

- Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 29 апрели соли 2009 «Барномаи таълим ва тарбияи ҳуқуқии шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2009-2019»

- «Барномаи таълим дар соҳаи ҳуқуқи инсон барои солҳои 2013-2020» аз 3 декабри соли 2012

- бо Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 27 ноябри соли 2019, №599 бори севвум “Барномаи таълим ва тарбияи ҳуқуқии шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистонро барои солҳои 2020 - 2030”

- бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 30 декабри соли 2021, №565 қабул гардидани “Барномаи таълим дар соҳаи ҳуқуқи инсон барои солҳои 2022-2026”

Инчунин дар натиҷа фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Соли маърифати ҳуқуқӣ эълон намудани соли 2024» аз 30 декабри соли 2023 қабул гардид, ки мақсади асосии ин фармон баланд бардоштани сатҳи маърифати ҳуқуқии шаҳрвандон, тарғиби арзишҳои демократӣ, мустаҳкам намудани институти ҳуқуқи инсон, муносибати эҳтиромона ба он, баланд бардоштани мақоми қонун, тарбияи шаҳрвандон дар руҳияи эҳтиром нисбат ба он ва таъмин намудани волоияти қонун, ташаккул додани низоми устувори рафтори ҳуқуқӣ, оштинопазирӣ нисбат ба ҳама гуна ҳуқуқвайронкунӣ ва ногузир будани масъулияти ҳуқуқӣ, ҳамоҳангсозии фаъолияти тамоми субъектҳои тарғиб ва ташвиқи ҳуқуқӣ, ташкил намудани механизми самараноки ҳамкории давлат ва ниҳодҳои ҷомеаи шаҳрвандӣ дар самти маърифати ҳуқуқии шаҳрвандон иборат мебошад.

Бояд тазакур дод, ки мақсади асоси ва ягонаи давлату Ҳукумати кишвар алалхусус Пешвои муаззами миллат дар самти қабули қонун барномаҳои мазкур ва эълон намудани соли 2024 “Соли маърифати ҳуқуқӣ” пеш аз ҳама ин баланд бардоштани сатҳи маърифати ҳуқуқии шаҳрвандон, таъмини дастрасии тарзу усулҳои қонунии ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои инсон, тарғиби арзишҳои демократӣ, дарк намудани ягонагии ҳуқуқ, озодӣ ва вазифаҳои асосии аҳолии кишвар, таъмини иштироки фаъоли шаҳрвандон дар ҳаёти сиёсӣ, иқтисодӣ ва иҷтимоии кишвари азизамон байни шаҳрвандон ташаккул додани низоми устувори рафтори ҳуқуқӣ, ҷиҳати баланд бардоштани сатҳи дониш ва фарҳанги ҳуқуқии шаҳрвандон истифодаи иқтидори илмию фарҳангии ҷомеа мебошад.

Ҳамзамон, дар асоси дастуру супоришҳои бевоситаи Пешвои муаззами миллат ба пуррагӣ фаҳмонида додани моҳияти қонунҳо, санадҳои меъёри ҳуқуқӣ тамоми масъулини Ҳукумати кишвар, мақомоти иҷроияҳои вилотҳо, шаҳру ноҳияҳо ва мақомтҳои худидоракунии шаҳраку деҳот муаввазаф гардидаанд, ки дар якҷоягӣ бо мақомотҳои ҳифзи ҳуқуқ гурӯҳҳои кори салоҳиятнок таъсис дода шуда, бо мардум аз наздик сӯҳбату вохӯриҳои судманд доир намоянд. Баргузории сӯҳбату вохӯриҳо аз як тараф барои баланд бардоштани савия, дониш ва маърифати ҳуқуқии шаҳрвандон мусоидат намояд, аз тарафи дигар мардуми қаторӣ имконият пайдо намудааст, ки бо намояндагони мақомот аз наздик сӯҳбат намуда, вобаста ба мушкилоти ҷойдошта ҷавобҳои саҳеҳ ва қаноатбахши худро дастрас намоянд.

Хулоса дар ҳама давру замон асоси пешрафти ҷомеаҳои мутамаддин риояи қонуну қоидаҳои адолатманишу инсонмеҳвар дониста мешавад. Дар ин замина баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии аҳолӣ ва тавсеаи донишҳои ҳуқуқӣ аз ҷумлаи масъалаҳои муҳими ҳаёти имрӯза ба шумор рафта, давлату Ҳукумати мамлакат таҳти роҳбарии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳанӯз аз ибтидои ташкили ҳукумати конститутсионӣ дар соли 1992 ба ин самт таваҷҷуҳи хосса зоҳир карда, бо мақсади боло бурдани маърифати ҳуқуқии аҳолӣ санадҳои меъёрии ҳуқуқии муҳим ва барномаҳои алоҳидаро таҳияву қабул намудааст. Қабул ва татбиқи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ яке аз қадамҳои муҳимму умедбахш дар роҳи фароҳам овардани заминаҳои меъёрии ҳуқуқии ба маҷрои бонизом ва ояндадор равон кардани ҷомеа ба шумор меравад, ки таҳкурсии боэътимоди барномаҳои минбаъдаи давлатиро асос мегузорад.

С.Ватанзода, Раиси КИ ҲХДТ дар ноҳияи Вахш