ҶАВОНИРО ТУ РӮЗЕ МЕШИНОСӢ

Вахш: Андеша  

Ҷавонӣ - чи қадар айёми зебою зебандаи ҳаёт барои инсоният. Қадамҳои нахустин ба шоҳроҳи зиндагӣ. Айёми гузоштани мақсад ва расидан ба ҳадафу орзӯҳои ширин. Интихоби касб, оғози фаъолияти меҳнатӣ, барпо намудани оила, бунёди манзил. Шинохти неку бад.

Оре, ҳамаи ин мансуб ба даврони ширини ҷавонӣ ба ҳар як шахс муяссар мегардад, ки дар интихоби роҳи тайнамудаи он аз ҳар як инсон вобастагӣ дорад.

Мусаллам аст, ки бо ташаббус ва иқдомҳои наҷиби созандагиву бунёдкории Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Раиси муаззами ҲХДТ, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон тамоми шароиту имкониятҳо ба ҷавонони кишвар баҳри интихоб намудани роҳи дурусти зиндагӣ муҳайё гардида, дар ҳама маврид ҷавонон таҳти дастгирии Ҳукумати кишвар, алалхусус Пешвои миллат қарор доранд.

«Ғамхорӣ нисбат ба ҷавонон, ҳалли мушкилоти онҳо ва истифодаи дурусти ин захираи стратегии миллӣ барои пешрафту ободии Ватан ва таъмини амнияту суботи ҷомеа яке аз афзалиятҳои асосии Ҳукумати мамлакат ба шумор меравад, зеро шумораи бештари аҳолии Тоҷикистонро ҷавонон ташкил медиҳанд. Дар мамалакат ягон соҳаву самт нест, ки ҳиссаи ҷавонони мамалакат набошад. Ҷавонони имрўзаи мамлакат аз ҷавонони замони гузашта тамоман фарқ мекунанд. Ҳисси миллӣ доранд, ҳисси баланди ватандӯстӣ ватанпарастӣ доранд. Барои ҳамин ҳам ман яке аз омилҳои пешрафту тараққиёти Тоҷикистонро имрӯз дар ҳиссаи бевоситаи ҷавонони мамлакат мебинам» (Аз Паёми Пешвои миллат 28.12.2023)

Бо назардошти чунин таваҷҷуҳи хоссаи Роҳбари давлат ҳар як ҷавони соҳибақлу соҳибзаковати мамлакатро месазад, ки ба таваҷҷӯҳу дастгирӣ ва боварии Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон сазовор бошанд. Ватанро беш аз ҳарвақта дида дӯст доранд, баҳри тинҷию осоиштагӣ, бунёдкорию созандагии ҳар як гӯшаи диёр саҳмгузор бошанд.

Худшиносии миллиро дар замир, қалб ва ақлу заковати худ аз ҳама боло гузошта, баҳри пойдории тинҷию оромии мамлакат саъю кӯшиш намуда, нагузоранд, ки нохалафе ба ҳаёти осоиштаи мардуми кишвар халал ворид намоянд.

Бо кору пайкор рафтору гуфтор намунаи ибрат буда, ҳамеша ба боварии Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон сазовор бошанд.

 

 

Муовин-мудири шуъбаи

ташкилӣ ва кор бо кадрҳои

КИ ҲХДТ дар ноҳияи Вахш:                         Раҳматуллозода Д. Р.