МИЗИ МУДДАВАР БАХШИДА БА “СОЛИ МАЪРИФАТИ ҲУҚУҚӢ”

Вахш: Созандагони ватан  

Тибқи муқаррароти Конститутсия, Ҷумҳурии Тоҷикистон давлати соҳибихтиёр, демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунявӣ ва ягона буда, инсон, ҳуқуқ ва озодиҳои ӯ арзиши олӣ эътироф карда шудааст. Ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрвандро давлат эътироф, риоя ва ҳифз менамояд. Ин аст, ки яке аз хусусиятҳои хоси давлати ҳуқуқбунёд мавҷудияти сатҳи баланди фарҳанги ҳуқуқии шаҳрвандон мебошад. Вобаста ба ин Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз солҳои аввали соҳибистиқлолӣ то ба имрӯз бо мақсади баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии шаҳрвандон чандин санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ ва барномаҳои алоҳида қабул кардааст.

Маврид ба зикр аст, ки дар баробари дигар дастовардҳои даврони истиқлолият яке аз дастовардҳои муҳимтарини мо ин қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад, ки санаи 6 ноябри соли 2024 сиюмин солгарди он таҷлил мегардад. Ба ифтихори ин санаи бисёр муҳими таърихӣ Сарвари давлат пешниҳод намуданд, ки соли 2024 «Соли маърифати ҳуқуқӣ» эълон карда шавад. Ин пешниҳоди Роҳбари Олии мамлакат боз ҳам дар баланд бардоштани сатҳи маърифати ҳуқуқии шаҳрвандон, таъмини волоияти қонун, тарбияи шаҳрвандон дар руҳияи риояи талаботҳои қонун ва эҳтиром ба он, тарғиби арзишҳои демократӣ, риояи ҳуқуқу озодиҳои инсону шаҳрванд ва эҳтиром ба давлату миллат нақши муассир дорад.

Дар доираи соли 2024 дар  Ҷумҳурии Тоҷикистон эълон гардидани “Соли маърифати ҳуқуқӣ” 27-уми марти соли равон дар Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Вахш, дар асоси нақша чорабиниҳои ТҶҶ “Созандагони Ватан” бо иштироки васеъи валантёрони ҳизбӣ ва аъзоёни ин ташкилот  машғулияти омӯзишӣ доир гашт.

Тавре зикр гардид, бо пешниҳоди Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва ба ифтихори 30-солагии Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон соли  2024 дар мамлакат  “Соли маърифати ҳуқуқӣ”  эълон гардидааст, ки мақсад аз он баланд бардоштани сатҳи маърифати ҳуқуқии шаҳрвандон, тарғиби арзишҳои демократӣ, тарбияи шаҳрвандон дар руҳияи эҳтиром нисбат ба он мебошад.

 

         Шуъбаи таблиғот ва иттилооти Кумитаи иҷроияи

Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Вахш.