БАРГУЗОРИИ АКСИЯИ “ҲХДТ - ҲИЗБИ СОЗАНДАВУ БУНЁДКОР”

Вахш:  

Дар заминаи дастуру  супоришҳои Раиси муаззами Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, оид ба сарсабзу хуррамгардонии Ватани азизамон ва дар ин раван ба кишвари сабз табдилдодани он дар асоси нақша чорабиниҳои таҳрези намудаи ҲХДТ дар вилояти Хатлон ва ноҳияи Вахш аъзоёну ҷонибдорони ҳизб  ҳар ҳафта ба аксияҳои дастаҷамъона баромад дар рафти корҳои ободониву созандаги саҳми бо мароми хешро гузошта истодаанд, ки ин навбат масъулини кумита аз рафти аксияи тозаги дар ТИ “Маорифчиён” дидан намуданд.

Бо мақсади сазовор таҷлил намудани  35-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва 30-солагии таъсисёбии ҲХДТ санаи 28 марти соли 2024 аз ҷониби аъзоёни ташкилотҳои ибтидоӣ  дар ноҳияи Вахш  аксияи ҳизбӣ зери унвони “ҲХДТ-ҳизби созандаву бунёдкор!” баргузор гардид. Дар аксияи мазкур аъзоёни ҳизб бо руҳияи баланди арҷгузори ба Ватан фаъолона ширкат варзида бо нарм намудани атрофи дархотон ва тоза намудани гирду атроф аз алафҳои бегона машғул гашта, саҳми худро гузоштанд. Бояд қайд намуд, ки ин аксияи мазкур ҳар ҳафта рузҳои панҷшанбе аз ҷониби аъзоёни ташкилотҳои ибтидоии ҳизбӣ гузаронида мешавад.

 

         Шуъбаи таблиғот ва иттилооти Кумитаи иҷроияи

Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Вахш.