МАРДУМИ ТОҶИК АЗ АЗАЛ ТАРАФДОРИ СУЛҲУ СУБОТИ ТАМОМИ САЙЁРААНД

Вахш: Вокуниш  

Дар раванди бо суръати ҷаҳонишавӣ, бархурди ақидаву тамаддунҳо ва таҳавулотҳои асри 21, пайдо гардидани гурӯҳҳои ифротиву радикализм тамоми ҷаҳони муосирро ба ташвиш оварда, имрӯзҳо тамоми давлатҳои дунё зери ин хатари нангину ғайриинсонӣ қарор доранд. Тоҷикистони соҳибистиқлол ҳанӯз солҳои навадуми асри гузашта ба рӯйдодҳои фоҷиабори муқовимат ба экстремизм ва терроризм рӯ ба рӯ шуда, талафоти зиёди ҷониву молӣ дода буд. Раванди муосири ҷаҳонишавӣ ҷомеаи Тоҷикистонро низ фаро гирифтааст. Имрӯз Тоҷикистон аъзои як қатор созмонҳои зиддитеррористӣ ҳам мебошад. Тоҷикистон аз рӯзҳои аввалини давлатдории навини худ ин намуд ҷиноятҳоро маҳкум карда, ба қонунҳои амалкунандаи дахлдор тағйироту иловаҳо ворид кард ва ба ташкилотҳои байналмилалии давлатию ғайридавлатӣ дар ин раванд ҳамроҳ шуда, ҳама гуна зуҳуроти террористӣ ва экстремистиро қотеъона маҳкум менамояд. Бояд гуфт, ки тоҷикон дар ҳама давру замони давлатдориашон зидди зуҳуроти терроризм ва экстремизм буданд ва ҳастанд ва ҳамеша ин миллати тамаддунофар дар тули таърихи инсоният тарафдори сулҳу субот,  якдилӣ, сарҷамъӣ ва ваҳдати тамоми мардуми сайёра мебошанд.

Имрӯз Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар арсаи байналмилалӣ, дар самти мубориза бар зидди зуҳуроти терроризм ва экстремизм низ чун як иштирокчии фаъол мешиносанд ва пешниҳодҳояшро дастгирӣ мекунанд. Дар таърихи на он қадар тӯлонии давлатдории худ дар шароити соҳибистиқлолӣ мақомоти қудратии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар мубориза бар зидди ин зуҳуроти номатлуб дастболо гашта, имрӯзҳо низ муборизаро давом дода истодаанд. Ҷумҳурии мо дар самти мубориза бар зидди экстремизм ва терроризм дар минтақа ва арсаи ҷаҳон бетафовут набуда, мавқеи ҷиддию устувор дорад ва хостори ҳамкории қавӣ бо кишварҳои ҷаҳон ва созмонҳои муътабари байналмилалист. Ҳарчанд мубориза бо терроризм ва экстремизм вазифаи асосии мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва сохторҳои қудратӣ мебошад, ҳамзамон, дар ин ҷода дастгирии ҳаматарафаи шаҳрвандон низ зарур аст. Барои он ки гароиш аз тарафи ҷавонон ба ин гуна равияҳои ифротгаро аз байн бардошта шавад, бояд эҳсоси ватандӯстӣ, донишандӯзӣ ва муҳаббати касбу ҳунар дар байни насли ҷавони муассисаҳои таҳсилоти ибтидоӣ, миёна ва олии касбӣ васеъ ба роҳ монда шавад. Барои мубориза бурдан бар зидди ифротгароӣ ва терроризм бояд ҳамаи қишрҳои ҷомеа масъулиятшинос бошанду бо сохторҳои қудратӣ ҳамкорӣ намоянд ва мардумро аз таъсири ин вабои аср эмин нигоҳ доранд.

Сайдалиев А., сармуҳосиби Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Вахш