ШОМИЛШАВИИ ҶАВОНОНУ НАВРАСОНРО БА ГУРӮҲҲОИ ИФРОТӢ БА ТАМОМИ ҲАСТӢ МАҲКУМ МЕНАМОЕМ!

Вахш: Вокуниш  

Устуворӣ ва садоқати ҷавонон барои давлати навбунёд заминаи хуб мегузорад. Вале, шомил шудани бархе аз ҷавонони ноогоҳу камсавод ба гурӯҳҳои тундрав ва даст доштани онҳо дар ҷиноятҳо аҳли ҷомеаро ба ташвиш овардааст.

Пешвои муаззами миллат борҳо таъкид намудаанд, ки давлати мо Тоҷикистон соҳибистиқлол, демократӣ, дунявӣ ва ягона аст. Дар баробари ин мардуми Тоҷикистон пайрави дини мубини ислом буда, дорои фарҳанги бой ва урфу одатҳои миллӣ мебошанд. Ҷавонони кишвари мо бояд муқаддасоти ин хоку оби сарзамини биҳиштосоро донанд ва ҳаргиз нагузоранд, ки миллати ҳазорҳо сол ранҷдида аз ин музафариятҳое, ки имрӯзҳо ба даст овардааст, маҳрум гардад.

Пайдо гардидани нафарони бадхоҳу камсавод, ки ба маблағи ночизи хочагони хориҷиашон дода шудаанду имрӯз ин ободиву озодии кишвари азизамонро нодида гирифта, ба роҳи буҳтону туҳматҳои беасоси хеш мехоҳанд ваҳдату якпорчагӣ ва сарҷамъии ин миллати тамаддунофарро истифода аз тамоми роҳҳо ба вуҷуд оранд, лекин имрӯз мардуми сарбаланду шарафманди тоҷик аз рафтору гуфторҳо ва амалкардҳои хоинонаи ин тоифаи разил ки солҳои ҷанги шаҳрвандӣ ба сари миллати тоҷик оварда буданд хуб огоҳ буда, барои пешгирӣ аз шомилшавиии ҷавонону наврасон ба ин ҳизбу ҳаракатҳо ва нарасидан ба мақсадҳои муғризонаву нопокашон бо тамоми ҳастӣ мубориза бурда, дар ҳама маврид бар зидди онҳо истодагарӣ намуда, хоки поки аҷдодии хешро аз тамоми таҳдиду хатарҳо бар ивази ҷони хеш ҳифз менамоянд.

Ифротгароӣ хоси он қувваҳои тундрав ва иртиҷоӣ мебошад, ки вазъи ҳаёти сиёсию ҷамъиятиро дар ҳар як кишвар ноором карда, барои ба даст овардани ҳадафҳои сиёсии худ раванди осоиштаи ташаккул ва инкишофи ниҳодҳои демократии кишварҳои соҳибистиқлолро халалдор сохта, онҳоро ба вартаи буҳронҳои гуногуни сиёсию иҷтимоӣ оварда мерасонад.
Ифротгароӣ изҳори фаъолияти ифротии шахсони ҳуқуқӣ ва воқеӣ буда, ба даъвати нооромӣ, дигаргунии сохти конститутсионӣ дар давлат, ғасби ҳокимият ва тасарруфи салоҳияти он, ангезонидани нажодпарастӣ, миллатгароӣ, бадбинии иҷтимоӣ, мазҳабӣ мебошад. Ифротгароӣ дар шароити ҳозира бо назардошти дигаргуниҳои ба амалояндаи глобалӣ ва минтақавӣ зуҳуроти қатъии сиёсат ва идеология дар ҷомеа ва давлат мебошад. Он дар сатҳи шахсият зуҳури ғояҳо, дар сатҳи ҳокимияти давлатӣ зуҳури сиёсат ва дар сатҳи ҷомеа зуҳури идеологӣ аст. Тӯли даҳсолаҳои охир чунин ҷараёнҳои ифротгароӣ, ки бо равияҳои динӣ алоқаманданд, беш аз пеш паҳн мегарданд.   

Воқеаҳои ҷаҳон нишон медиҳанд, ки дар марҳалаи ҳозира хавфи бештареро на ифротгароии оддӣ, балки ифротгароии динӣ ба вуҷуд меорад. Вай аз дигар шаклҳои ифротгароӣ бо он фарқ мекунад, ки ба дигаргунсозии зӯроваронаи сохти давлатӣ ва ғасби ҳокимият, халалдор сохтани соҳибихтиёрӣ ва тамомияти арзии давлат нигаронида шуда, дар ин маврид таълимот ва рамзҳои диниро чун омили муҳими ҷалбсозии одамон истифода мекунад ва онҳоро ба муборизаи оштинопазир сафарбар менамояд.

Анъанаҳои халқи тоҷик, фарҳангу адабиёти ҳазорсолаи он дар алоқамандии зич бо анъанаҳои исломӣ инкишоф ёфтаанд. Ҷумҳурии Тоҷикистон чун мамлакате, ки беш аз навад фисади аҳолии кишварамон мусулмон аст, ҳаргиз ба асосҳо ва анъанаҳои ислом беҳурматӣ зоҳир намекунад. Аммо маърифати исломии шаҳрвандон бояд пеш аз ҳама ба рушди худшиносӣ, эҳсоси ватанпарастӣ, ифтихори миллӣ ва эҳтиром ба ҳуқуқҳои инсон нигаронида шавад. Ҳамзамон бояд таъкид намуд, ки миллати тоҷик дорои дину фарҳанг ва пешвоёни поктинату соҳибмазҳаб буда, ба ягон ҳизб ва фарҳангу мазҳабҳои бегона эҳтиёҷ надорад. Бинобар ин моро зарур мебошад, ки ба амру ҳидоятҳое, ки аз ҷониби Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати пайравӣ намудан ба роҳу равиш ва таълимоти мазҳаби ҳанафӣ ва иҷтиноб варзидан аз ҳар гуна равияҳои ифротӣ дода мешавад, пайравӣ намоем  ва бар зидди бадхоҳону душманони миллат муборизаи беамон барем то ин ки ба фарҳангу тамаддуни диниву дунявии мо фарҳанги бегонаро ворид насохта бошанду ҷавонони ноогоҳро гумроҳ накарда доғи миллату давлат насозанд.

 Р.Ҷалилов, мудири шуъбаи таблиғот ва иттилооти Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Вахш