ТЕРРОРИЗМ ПАДИДАИ МАНФУР ВА НАНГИНИ ЗАМОН

Вахш: Вокуниш  

Дар замони пуртазод ва асри 21 экстремизм ва терроризм хатари бузургест, ки метавонад ҳар гуна, ҳатто ҷомеаи устувор ва шукуфонро халалдор созад. Яке аз самтҳои асосии мубориза бар зидди зуҳуроти террористӣ ва экстремистӣ дар ҷамъият пешгирии он мебошад.  

Ноустувории иҷтимоиву моддии ҷавонон, максимализм дар арзёбӣ ва баҳогузорӣ, номукаммалии равонӣ, вобастагии назаррас аз андешаҳои одамони дигар, баъзе аз сабабҳое мебошанд, ки дар бораи имконоти паҳншавии ғояҳои радикалӣ дар байни ҷавононро нишон медихад. Роҳбарони гурӯҳҳои гуногуни экстремистӣ ҷавононро ба иттиҳодияҳои худ ҷалб мекунанд ва ба онҳо ваъда медиҳанд, ки ҳалли ҳамаи мушкилот, аз ҷумла мушкилоти модди онхоро ҳал менамоянд. Зеҳни ҷавонони баркамол аксар вақт ҳатто фикр намекунанд, ки дар фаъолияти чунин ташаккулҳо иштирок намуда, на танҳо мушкилоти мавҷудаи худро ҳал намекунанд, балки дар асл ояндаи худро вайрон мекунанд. Пешгирии терроризм ва экстремизм дар байни ҷавонон татбиқи чорабиниҳои маҷмӯиро оид ба ташаккули фарҳанги ҳуқуқӣ дар муҳити ҷавононро дар бар мегирад, ки ба васеъ шудани ҷузъи ҳуқуқии таълиму тарбия мусоидат мекунад. Донистани ҳуқуқу озодиҳои худ ба насли наврас кӯмак мекунад, ки дар худ эҳтиром ба ҳуқуқ ва озодиҳои дигаронро, аз ҷумла ҳаёт, саломатӣ ва шаъну шарафро инкишоф диҳанд.

Терроризм дар инкишофи таърихии инсоният ҳодисаи нав набуда, ҳанӯз аз замонҳои қадим ба ин усул қувваҳои гуногуни сиёсӣ ва ҷамъиятӣ барои ҳокимият талош дошта, даст ба зӯрӣ, даҳшат овардан ва тарсонидани одамон мезаданд. Қувваҳои гуногун террорро ҳамчун воситаи мубориза бар зидди рақибони хеш медонистанд. Ҳатто дар андешаҳои муҳаққиқони аҳди қадим, аз ҷумла Ксенофон террор дар мисоли воситаи самараноку мусбати мубориза бар зидди рақибон дониста мешуд. Аммо дар аҳди қадим мафҳуми «террор» дар маънои расмиаш истифода намегардид.

Дар шароити кунунӣ вазифаи ҳар як фарди ватандӯсту ватанпарвар, миллатдӯсту мусулмон, алалхусус ҷавонон, ки ҳамчун неруи асосии пешбарандаи ҷомеа маҳсуб меёбанд, аз он иборат аст, ки аз таълимоти гурӯҳҳои манфиатҷӯе, ки дини мубини исломро бо терроризм айният медиҳанд ва тундгароиро омили ҳифзи ислом муаррифӣ мекунанд, худдорӣ намоянд, зеро дар натиҷаи гароиш ба ин гуна ҳизбу ҳаракатҳои радикаливу террористӣ ҳам ҷони худро аз даст медиҳанд ва ҳам сабаби аз байн бурдани ҷони ҳазорон нафарони дигар мегарданд. Бояд ҳар як шаҳрванд, ҳар як фарди ин ҷомеа барои ҳифзи истиқлолият ва якпорчагии кишвар талош варзад. Зеро ояндаи халқу миллати тоҷикро бе мавҷудияти давлати миллии тоҷикон тасаввур кардан ғайриимкон аст.

Махсусан ин нуқтаро Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми худ қайд намуданд, ки «мубориза бар зидди терроризм ва экстремизм, хурофотпарастиву ифротгароӣ» ва ҳифзи манфиатҳои миллию давлатӣ яке аз самтҳои муҳими фаъолияти идеологии муассисаҳои илмӣ ва сохтори марбутаи давлатӣ мебошад.

Ва месазад, ки ҳар як нафари ватандӯсту хештаншинос бар зидди ин  ашхоси разилу падидаи манфур муборизаи беамон бурда садди роҳи он гардаднд, ки ҷавонони ноогоҳу камсаводи мо ба доми макораи ин тоифаи разил наафтанду барои сулҳу суботи кишвар ва якпорчагии Тоҷикистони азиз ба хотири фардои дурахшони  фарзандони  ин миллати тамаддунофар саҳмгузорӣ намуда бошем.

 

 

Мудири бахши кор бо ҷавонони

Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии

Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Вахш                       Ф.Сафаров.