ТЕРРОРИЗМ ВАБОИ АСР ВА БЕМОРИИ ТАБОБАТ НАШАВАНДА АСТ

Вахш: Вокуниш  

Ҷумҳурии  Тоҷикистон, ки узви ҷомеаи ҷаҳонист, аз хатари таҳдидҳои навини ҷаҳонӣ эмин буда наметавонад. Лекин бо сарварии шахсияти маъруфу хирадманд Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон халқи заҳматкаши тоҷик рӯзҳои вазнин ба вуқуъ омадаро  паси сар карда, имрӯз дар Тоҷикистони ободу зебо, бо шукургузори аз фазои сулҳу субот, амнияти давлату миллат ва якпорчагии Ватани маҳбуби хеш зери роҳбариву роҳнамоии шахсияти бузургу нотакрори дунёи сиёсати кору пайкор ва  зиндагии шоиста доранд.

Мутаасифона душманони халқу давлати тоҷик, ки хоинони миллатанд ин ҳама ободиву пешрафт ва гулгулшукуфоии Ватани маҳбуби моро дида ҳасуди шуда, мехоҳанд бо ҳар гуна роҳу усулҳо нисбати давлати тинҷу осоиштаи мо афкори ҷомеаи ҷаҳони имрўзаро вайрон созанд. Аз дур истода иттилооти дурўғ, буҳтону туҳматҳо бар сари фарзандони баруманди миллати тоҷик зада мехоҳанд, сенарияву барномаҳои таҳрези намудаи хоҷагони хориҷиашонро дар амал татбиқ намоянд,  вале халқи тоҷик кўр нест ва худ дида истодааст, ки саҳми Пешвои миллат дар рушди кишвар чӣ гуна аст ва ҳеҷгоҳ ба дуруғҳои бофтаи ин қабилаи разилу намакнашинос дода намешаванд.

Терроризм ин вабои аср ва  бемории табобат нашавандаест, ки аз ҳасуди зиёд ашхоси гирифтори ин бемори ба тамоми пешрафту тараққи ва дастовардҳои миллату давлат ва шахсони алоҳида ҳасуди мебаранд, ки бемории асосии ин тоифаи паст мебошад. Рўз аз рўз бемории ин тоифаи  палиду разил аз пешрафту тараққи ва дастовардҳои нави Ватану Пешвои муаззами миллати шадидтар шуда истодааст. Пешрафту шукуфоии Ватани азизамон, обрӯву нуфузи Сарвари давлатамон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон байни дигар кишварҳои ҷаҳон аъзоёни ин гурӯҳҳои тундраву радикалиро ором нагузошта, балки ғазабашонро зиёдтар карда истодааст. Онҳо нашармида нисбати давлату Ҳукумати Тоҷикистон носазо мегӯянд ва бо дурӯғу дасиса худро мазлум нишон дода, мехоҳанд дар Аврупо паноҳ баранду ва беҷазо монад.   

Кафолати амнияти мо аз суботи ҷомеаи ҷаҳонӣ вобаста аст. Аз ҳама муҳим дар ҷаҳони пуртазоди имрӯза ҳифз намудани дастовардҳои Истиқлолияти давлатӣ, ҳуввияти таърихӣ ва арзишҳои миллӣ вазифаҳое ҳастанд, ки  иҷрои онҳо ба пойдории давлату миллати Тоҷикистони азизи мо мусоидат мекунанд.

Мо мардуми шарифи тоҷик, ифротгароӣ ва терроризмро  ҳама намудашро маҳкум менамоем. Мо мутмаъинем, ки дер ё зуд ин ашхоси палид, ки  ба аъмоли террористиашон, ки боиси марги садҳо нафар ва сарсониву бесарубон мондани онҳо  гардидааст, дар назди қонун ва миллати тоҷик ҷавоб хоҳанд гуфт.

Имрӯз тамоми ҷомеаи ҷаҳони амалу ҳаракатҳои ғайриинсониву экстремистии ин гурӯҳҳоро сахт маҳкум мекунанд. Ва мо  ба ин хоинони Ватан гуфтани ҳастем, ки мо мардуми тоҷик барои ҳифзи якпорчагии ин Ватани биҳиштосо ҳамеша омодаем ва сиёсати хирадмандонаю бунёдкоронаи Пешвои миллатро дастгирӣ мекунем.

Сулҳе, ки Пешвои миллат, Президенти кишвар, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба  Тоҷикистон овард, нодиртарин ва қиматтарин неъмат мебошад. Мо ҳаракат мекунем, ки Ваҳдати миллӣ ва сулҳро чун гавҳараки чашм ҳифз кунем ва ҳама аз як гиребон сар бароварда барои ҳимояи манфиатҳои миллӣ камар бандем, дар муқовимат ба афкори экстремистӣ, террористӣ муташаккилона мубориза барем ва нагузорем, ки нохалафе фазои ороми Тоҷикистони азизамонро бо суханҳои бардурӯғ ғуборолуд созад.

Кӯшиш менамоем, ки ҷавонон дар руҳияи ватандӯстӣ ва хештаншиносӣ тарбия ёбанд ва мутахассиси соҳаи худ шуда, хизмати Ватанро адо намоянд ва шукронаи давлату ҳукумат ва тинҷию амнияти кишварро баҷо оранд.

 

Мудири шуъбаи таблиғот ва иттилооти

Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии

Тоҷикистон  дар ноҳияи Вахш                                             Р. Ҷалилов