БАДХОҲИ КАСОН БА МАҚСАД НАМЕРАСАД

Вахш: Вокуниш  

Дар замони муосир ва бархурди ақидаву тамаддунҳо бешубҳа, санадҳои меъёриву ҳуқуқӣ ва адолати иҷтимоӣ дар таҳкими пояҳои давлатдорӣ, иқтидори мудофиавӣ ва таъмини амнияту рушди иқтисодии он нақши муҳиму калидӣ мебозад. Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон санади асосии ҳуқуқӣ ва қонунии аз ҷониби халқ эътирофшуда ба ҳисоб меравад. Касе, асосҳои сохтори конститутсионӣ ва меъёрҳои онро рад мекунад ва ё хилофи он амал мекунад, ба ҷазои сангини қонун ва нафрати халқ гирифтор аст, зеро дар доираи қонун амал кардан ва аз ин чаҳорчӯба набаромадан худ ватандӯстдориву хештаншиносӣ мебошад ва арҷгузорӣ ба боварии мардуми шарифи тоҷик мебошад.

Мутаасифона бархе аз гуруҳҳо ва ҳизбу ҳаракатҳои фаъолияташон дар Тоҷикистон манъшуда ба ин масъала сарфи назар карда, сиёсати давлат ва иродаи халқро нодида мегиранд, ки ин нафарон бадхоҳон ва душманони миллати тоҷик мебошанд, зеро дар айни замон онҳо ин ободиву озодӣ ва сулҳу суботи кишварро зери танқиду буҳтон қарор дода бар зидди сиёсати кунуни кишвар санги маломат мезананд, ҳоло он ки мардуми шарифи тоҷик тарафдори ин сиёсат буда, дар ҳама маврид аз он пуштибонӣ менамоянд ва ин се чор нафар хоинони миллат дар шабакаҳои иҷтимоӣ майдонҳои иғвоангезонаи худро ташкил намуда, ҷавонони ноогоҳу камсаводро мағзшӯӣ намуда, бар зидди давлату миллат мешуронанд. Ҳангоми тамошои барномаҳои иғвоангезонаи ин палидон кас дар ҳайрат мемонад, ки онҳо худро ғамхори миллат вонамуд карда, ба ақидаи хеш танҳо бар зидди сиёсати кунуни давлат мубориза мебурда бошанд, ҳоло он ки ин ҳаромзодаҳои зархаридшуда, дар мизони ақлашон муқоиса карда наметавонанд, ки Тоҷикистон давлати демократӣ буда, ин сиёсатро ана ҳамин халқ интихоб намудаанд, вақте ки шумо хоинон нисбати сиёсати давлат гап мезанед маълум мегардад, ки  тарафдори интихоби ин миллат намебошед ва бар зидди онҳо иғвоангезӣ менамоеду бар сари онҳо санги маломат мезанед.

Имрӯзҳо пайваста ниҳодҳои мухолифи Тоҷикистон тариқи расонаҳои иттилоотӣ бар он даъвоянд, ки дар Тоҷикистон принсипҳои адолат ва риояи ҳуқуқи инсон риоя намешаванд. Агар чунин мебуд, дар Тоҷикистон зиндагӣ кардан, озодона фаъолият бурдан, кор кардан ва ба ҳамин монанд фаъолиятҳо аз имкон берун мешуд. Аммо ин тавр нестку? Ҳама оромона дар фазои якдигарфаҳмӣ, дӯстиву бародарӣ ва ҳусни тафоҳум ба сар мебаранд. Инро бо чашми сар дидан ва бо ақл санҷиндан кори душвор нест, вале ба назар чунин мерасад, ки аъзоёни ин ниҳодҳои мухолиф шояд аз ҳамин гуна имкониятҳои бархӯрдоршавии инсонӣ маҳрум ҳастанд.

Бояд тазаккур дод, ки миллати тоҷик имрӯз аз амалҳои зишту разилона ва мақсадҳои нопоки ин тоифа пурра хабардор ва огоҳ буда, ҳеҷгоҳ намегузоранд, ки онҳо ба ниятҳои нопоки хеш расида бошанд ва мардуми шарифи тоҷик имрӯз Пешвою раҳнамоӣ худро дошта сад дар сад аз сиёсати кунунии кишвар розӣ мебошанд ва тарафдори он мебошанд, агар лозим шавад бар ивази ҷони хеш аз ин сиёсат ва сулҳу субот пуштибонӣ менамоянд.

 Ф.Сафаров., мудири бахши ҷавонони Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Вахш