ПОЙДОРИИ АМНИЯТУ ОСОИШТАГӢ ДАР ҲУШЁРИЮ ЗИРАКИИ СИЁСИИ МОСТ

Вахш: Вокуниш  

Дар марҳилаи нави рушди ҷомеа яке аз масъалаҳои муҳиму умдаи рӯз ин тақвият бахшидани ҳифзи Истиқлолияти давлатӣ, пойдор нигоҳ доштани Ваҳдати миллӣ ва таъмини сулҳу субот дар кишвар аст. Ин амалҳои созанда рисолати аввалиндараҷаи ҳар як сокини сарбаланду садоқатпешаи Тоҷикистони азиз мебошад.

Мутаассифона, дар роҳи чунин амалҳои созанда ва таъмини ояндаи дурахшони мамлакати азизамон мушкилиҳои муайян мавҷуданд. Аз он ҷумла, дар шароити муосир мубориза ба муқобили чунин падидаҳои ифротӣ ба монанди терроризм ва экстремизм ба зарурати воқеӣ табдил ёфтааст.

Дар замони муосир терроризм, экстремизм, ифротгароӣ дар минтақаҳои гуногуни ҷаҳон паҳн гардида, хатари бузурги иҷтимоию иқтисодиро рӯи кор оварда, дар натиҷа барои амнияти давлатҳои алоҳида ва минтақаҳо таҳдид эҷод намуда истодаанд.

Афзоиши ҷиноятҳои хусусияти экстремистӣ ва террористӣ дошта ба вусъат ёфтани терроризми байналмилалӣ, фаъолшавии унсурҳои тундраву ифротгаро, ҷалби ҷавонон ба сафи созмонҳои экстремистиву террористӣ ва иштироки онҳо дар низоъҳои мусаллаҳонаи давлатҳои хориҷӣ мусоидат менамояд.

Бо назардошти паёмадҳо ва эҷоди хатарҳои ҷиддии ин падидаҳои номатлуб ба ҳаёти инсоният, дар замони муосир мубориза бар зидди ин гуна қувваҳои ифротӣ ба мадди аввал мебарояд. Дар мубориза ба муқобили гурӯҳҳои ифротӣ, террористию экстремистӣ зарур аст, ки тамоми ҷомеа дастҷамъиро пеша намояд. Дар ин замина, нақши ҷавонон дар ҳалли ин масъалаи мубрами рӯз бояд калону аввалиндараҷа бошад.

Ҷавонон ва сафарбар намудани қувваи бузурги онҳо ба корҳои ҷамъиятӣ ва созандагию бунёдкорӣ яке аз самтҳое ба ҳисоб мераванд, ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иқдому пешниҳодоти ин табақаи фаъолу созандаро пайваста дастгирӣ намуда, ба онҳо таваҷҷӯҳи хоса зоҳир менамоянд.

Дар ҷомеаи кунуни бархе аз ҷавонону наврасон бинобар сабаби каммасъулиятиву оворагардӣ ва надоштани маълумоти пурра аз таъсири оқибатҳои ноустувори шабакаҳои иҷтимоӣ побанди раванди зуҳуроти гуногуни номатлуби ҷомеа мегарданд. Аз ин рў, насли калонсол - падару модарон, омӯзгорон, ходимони дин, кормандони ҳифзи ҳуқуқ, васоити ахбори омма ва дигар табақаҳои аҳолии мамлакатро зарур аст, ки бо ҷавонон ва наврасон ҳамаҷониба ҳамкорӣ намуда, ба онҳо роҳи дурусти ба камолрасӣ ва муваффақ шуданро дар соҳаҳои мухталифи зиндагӣ нишон диҳанд. Ба онҳо собит намоянд, ки маҳз ҷавононе, ки аз таҳсил дур мондаанд ва касби муайян надоранд аз ҳама бештар бо роҳи осон ба доми афроди тундрави беватан ва ифротгаро гирифтор мешаванд.

Бо дарназардошти он ки қишри зиёди ҷомеаи моро ҷавонон ташкил медиҳанд, аксари падидаҳои номатлуб ва таҳиягарони онҳо кӯшиш мекунанд, ки ба мафкураи қишри ҷавони ҷомеа таъсири манфӣ расонида, қувваи бузурги онҳоро барои ҳадафҳои муғризонаи хеш истифода намоянд. Ин бошад ба ҷомеаи мо, бахусус давлатдории миллии мо хатари ҷиддӣ дорад.

Вазъи имрӯза зарурати муборизаи ҷиддиро ба муқобили ин қувваҳои ифротӣ ба миён меорад. Чи тавре ки Пешвои муаззами миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон борҳо таъкид доштанд, террорист ва ифротгаро миллат ва давлат надорад. Имрӯз фурсате фаро расидааст, ки ҳамаи мо сиёсати созандаву бунёдкоронаву хирадмандонаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро дастгирӣ намуда, барои ҳимояи Ватани худ ҳамеша дар ҳолати омодабошӣ қарор дошта, ҳушёрию зиракии сиёсиро аз даст надода, сарзамини биҳиштосо Тоҷикистони азизро аз таъриси манфии чунин амалҳои террористию экстремистӣ эмин нигоҳ дорем.

Р.Ҷалилов, мудири шуъбаи таблиғот ва иттиллоти КИ ҲХДТ дар ноҳияи Вахш