МИЛЛАТИ ҚАВИИРОДАИ ТОҶИК ФИРЕФТАИ НОТАВОНБИНОН НАХОҲАД ГАРДИД

Вахш: Вокуниш  

Дар замони муосир ва бархурди ақидаву тамаддунҳо пайдо гардидани равияҳои тундрав ва зидди инсонӣ ҷаҳони муосирро ба ташвиш овардааст. Дар  ҷаҳони муосир ин шахсиятҳо ва гурӯҳҳое, ки пешрафту тараққии давлатҳои алоҳидаро нодида мегиранду ба ҳар роҳу васила ба сиёсати кунунии давлату миллатҳо буҳтону туҳматҳо мезананд ҳамон ҳашаротҳо ва лошахурҳоеро мемонанд, ки ба монанди пайдо намудани луқмае бар он ҳама якҷо дармеафтанду онро қисмат карданӣ мешаванд, локин ин ашхос ва ин палидони лошахӯр ҳаминро бояд аз ёд набароранд, ки дар тамоми дунё имрӯз мардум аз кирдорҳои ношоистаи ин разилон огоҳ мебошанд ва танҳо он нафароне ин ашхосро пайравӣ менамоянд, ки на саводи динӣ ва на дунявӣ доранд, зеро аз  “Қуръони карим”  ва манбаъаҳои дини мубини ислом бармеояд, ки: баробарӣ, адолати иҷтимоӣ, сулҳу бародарӣ, ғояҳои асосии анъана ва арзишҳои маданиро ташкил медиҳанд, дар дини ислом низ мавқеи устуворро ишғол менамояд.

Дар марҳилаи ҳозира маводи паҳнкардаи душманони миллат нишон медиҳад, ки ҳадафи онҳо ба ҷуз барангехтани ҳисси нобоварӣ нисбат ба давлату Ҳукумат ва тафриқаандозӣ миёни ифроди миллат нест. Вагарна бо чӣ сабаб аз ҳаёти сиёсӣ, иқтисодӣ-иҷтимоии ватан канорҷӯӣ мекунанду монанди аксари шаҳрвандони мамлакат дар рушди кишвари худ ширкат намеварзанд, меҳнат ва эҷод намекунанд, дар паноҳи дигарон ҷой гирифта, аз каноре айбҷӯиву харобакориро пеша карданд. Дар зери шиорҳои бофтаву хаёли фирефтаи таълимоти «гӯё динӣ» гашта ба амалҳои низоъпарастӣ, ифродгароӣ ва террористӣ ҷавононро даъват намуда, амалҳои бади худро бо номи «қаҳрамонӣ», «фидокорӣ» ташбеҳ мекунанд ва мехоханд бо ин роҳ ба мақсадҳои душманонаи худ ноил шаванд, яъне нуфузу дастовардҳои миллиро то андозае паст зананд, аниқтараш супоришҳои пешвоён ва сарпарастони хориҷии худро иҷро намоянд.

Ба қадри неъмате чун истиқлолияту давлатдории миллӣ расидан арзишҳои муқаддастарини давлату давлатдориро дарк намудан ва пос доштани онҳо ин ҳам қарз, ҳам масъулият ва ҳам шарафу номуси ватандорӣ, ҳам ифтихор аз давлату миллати хеш ва ҳам талошу заҳмати ҳар фарди бедордили ҷомеа баҳри худшиносӣ, маърифат ва фарҳанги волои миллӣ аст.

Дар акси ҳол, надонистани сарнавишти таърихии миллати худ, фориғболию бехабарӣ ва носипосӣ нисбати мероси маънавӣ-фарҳангии он шахсро бо инкори ҳақиқат гузашта, ба бегонапарастию қадр накардани қимати дастовардҳои Истиқлолияти миллӣ оварда мерасонад.

Қайд кардан ба маврид аст, ки нақши фарҳанг, ташвиқоту тарғиботи таълиму тарбияи насли наврас дар ҳамин раванд дар таҳкими эҳсоси ватандорӣ, худшиносии миллӣ, эҳтиром ба таърихи ниёгон ва дар пешгирӣ аз низоъҳои иҷтимоӣ ниҳоят бузург аст. Беҳуда нест, ки қувваҳои манфиатҷӯй дар оғози амалҳои ғаразноки худ аввал арзишҳои фарҳангӣ-маънавӣ (ахлоқию динӣ)-ро коҳиш дода, фалаҷ месозанд, баъдан ҳисси нобоварӣ ва таҳдид намуда, ба амалҳои зишт ва хавфноки худ даст мезананд.

Миллати сарбаланду тамаддунофари тоҷик, ки таърих, маданият, фарҳанг ва анъанаҳои беш аз 5 ҳазорсоларо дорост ва дар ин марҳилаи таърихии тулонӣ борҳо зери фишор ва ҳамлаҳову тохтутозҳои аҷнабиён қарор гирифт, истодагарӣ намуда, якпорчагии сарзамини худро нигоҳ дошт.

Мо низ пайравони бузургон, сипаҳсолорон, донишмандони гузаштаи худ дар майдони набарди бархурди тамаддунҳо, зиддияту муноқишаҳои чаҳони муосир ва задухурди иттилооти бо ливои “Ковиёна” таҳти сиёсати ватанпарваронаву сулҳдустонаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баҳри якпорчагии давлату миллат ва ҳифзи сарзамини тоҷикон бо ном Тоҷикистон як мушту як тан гардида, бар зидди ҳама зуҳуроту фишорҳои душманони даруна ва беруна муборизаи беамон мебарем.

Раҳматуллозода Д.Р., муовин – мудири шуъбаи ташкилӣ ва кор бо кардҳои Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Вахш