ВОХУРИИ НАВБАТИИ ГУРУҲИ КОРӢ БО АЪЗОЁНИ ТАШКИЛОТИ МАҶМААИ ВАРЗИШИИ №2

Темурмалик:  

Дирӯз бо иштироки муовини раиси ноҳия Айниддин Аслиддин, Муовини раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Темурмалик Валиев Баҳоваддин, Мудири шуъбаи рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеаи дастгоҳи раиси ноҳияи Темурмалик Валиев Аюбҷон, Мудири бахши кор бо ҷавон ва варзиши ноҳияи Темурмалик Наимзода Муҳаммад, бо кормандони Ташкилоти ибтидоии ҳизбии мактаби варзишии №2 оид ба ободонию созандагӣ, татбиқи дастуру супоришҳо аз Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар самти сиёсати дохилию хориҷии кишвар, пешгирии ҷинояткорӣ аз тарафи ноболиғон, даст задани шаҳрвандон ба худкушӣ, шомилшавӣ ба равияҳои экстремистию террористӣ, истифодаи оқилонаи ҳар як ваҷаб замин, захираи дусолаи маводи ғизоӣ, даъвати ҷавонон ба сафи Қувваҳои мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар масъалаҳои мубрами рӯз корҳои фаҳмондадиҳӣ гузаронида шуд.

           Дар охир Муовини раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Темурмалик Валиев Боҳваддин  низ сухан намуд.