ЗУРОВАРӢ – АМАЛИ НОМАТЛУБ

Темурмалик: Вокуниш  

Зӯроварӣ дар оила-кирдори зиддиҳуқуқии қасдонаи дорои хусусияти ҷисмонӣ, руҳӣ, шаҳвонӣ ё иқтисодӣ,ки дар доираи муносибатҳои оилавӣ аз ҷониби як узви оила нисбат ба дигар узви оила содир шуда,боиси поймол шудани ҳуқуқ ва озодиҳои ӯ мегардад ё таҳдиди расонидани чунин зарарро ба вуҷуд меорад. (Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи пешгирии зӯроварӣ дар оила” аз19.03.2013,№954) Низоъ ва нофаҳмиҳо дар ҳама муҳити муоширати инсонҳо ҷой доранд ва бешубҳа як ҷузъи ҷудонашавандаи муоширати байни одамон мебошанд. Вақте, ки ҷонибҳои муноқишакунанда озодона ақидаи худро бидуни нақзи ҳуқуқ ва озодиҳои мухолиф баён мекунанд,ин рафтори зӯроварона нест. Ва баръакс, вақте фикру иродаи як иштирокчии муноқиша ба амали нодуруст – амали зӯроварона табдил ёбад,яъне ҳуқуқу озодиҳои шахси дигар аллакай поймол карда мешавад.Мисоли маъмултарини ин ҳолат гузаштани низоъи оилавӣ ба ҳолатҳои зӯроварӣ дар оила мебошад.Агар низоъ дар ҷомеа ҷоиз бошад,пас зӯроварӣ дар оила як амали ғайриимкон ва ғайриқонунӣ мебошад. Аз ин рӯ,муҳим аст,ки ин ду мафҳумро дақиқ фарқ кард ва фаҳмидани он зарур аст,ки зӯроварӣ дар оила аз ҷониби қонун манъ карда шудааст ва онҳое,ки зӯроварӣ мекунанд,барои амалҳои худ ҷавобгар мебошанд. Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи пешгирии зӯроварӣ дар оила” 4 намуди зӯроварӣ дар оиларо муайян намудааст: ҷисмонӣ, руҳӣ,иқтисодӣ ва шаҳвонӣ. Одатан дар оила хеле кам як намуди зӯроварӣ дида мешавад – бештар якчанд намуди амалҳои зӯроварона дар оилаҳо ба мушоҳида мерасанд. Зӯроварӣ дар оила ин поймол намудани ҳуқуқи инсон,ба монанди ҳуқуқ ба ҳаёт,ҳуқуқ ба ҳимояи баробарӣ дар назди қонун,ҳуқуқ ба баробарӣ дар оила ва ҳуқуқи стандарти ҳадди имконпазири саломатии ҷисмонӣ ва руҳӣ мебошад. Муқаррароти мазкур ба Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон мувофиқ мебошад. Зеро, тибқи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, “Инсон, ҳуқуқ ва озодиҳои ӯ арзиши олӣ мебошанд. Ҳаёт, қадр, номус ва дигар ҳуқуқҳои фитрии инсон ва шаҳрвандро давлат эътироф, риоя ва ҳифз менамояд”;

      “Дахлнопазирии шахсро давлат кафолат медиҳад. Ба ҳеҷ кас шиканҷа,ҷазо ва муносибати ғайриинсонӣ раво дида намешавад”;

      “Ҳар кас ҳуқуқ ба ҳаёт дорад”.                         

        Бо дарназардошти он,ки зӯроварӣ дар оила вайронкунии ҳуқуқҳои асосии инсон ба шумор меравад, яъне қонуншикании ҷиддӣ мебошад, аз ин лиҳоз Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи пешгирии зӯроварӣ дар оила” таҳия шудааст.

Ширмои Маҳмадсаид:-вакили Маҷлиси вакилони халқи ноҳияи Темурмалик