АЪЗОИ ҲХДТ БУДАНД ИФТИХОР АСТ

Темурмалик: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дастовардҳои афкори пешқадами ҷамъиятро эҷодкорона татбиқ намуда, манфиатҳои мардумро сарфи назар аз вазъи иҷтимоӣ, мансубияти миллӣ, мавқеи ҷамъиятӣ ва муносибат ба дину мазҳаб ҳимоя намуда, суннату анъанаҳо ва арзишҳои беҳтарини миллӣ, таърихӣ ва фарҳангиро дастгирӣ ва инкишоф дода, ҳар гуна зуҳуроти маҳалгароӣ, миллатчигӣ, таассуби динӣ, зӯроварӣ, экстремизм (ифротгароӣ), терроризми сиёсӣ ва диниро қатъиян маҳкум намуда, худшиносӣ ва ватанпарастиро асоси фаъолияташ мешуморад.Бо мақсади иҷрои дастуру супоришҳои Раиси муаззами Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон, масъулони кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Темурмалик, ҷиҳати ба сафи ҳизб қабул намудан, ба як нафар хоҳишманд, ки ба сафи хизб аъзо шуданд шаходатномаи ҳизбияшро дар вазъияти тантанавӣ такдим намуданд.