КӮМАКИ НАФАҚАИ ҲИЗБӢ ДАР АРАФАИ МОҲИ ШАРИФИ РАМАЗОН

Темурмалик: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

Дар асоси дастуру супоришҳои Раиси муаззами Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон барои расонидани кӯмаки молиявӣ ба маъюбони гурӯҳҳои якум, шахсони ниёзманд ва  оилаҳои камбизоат нафақаи ҳизбӣ дар ҳаҷми 500 сомонӣ  муқарар карда шудааст. Дар доираи ин иқдом инчунин бахшида дар арафаи моҳи Шарифи Рамазон, раиси Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Темурмалик Раҷабзода Маҳмадсаид ба дидорбинии як нафар маъюби гурӯҳи 1-ум сокинони Ҷамоати деҳоти Кангурти ноҳия Исмоили Холмурод, рафта, нафақаи ҳизбии ин нафаро расониданд ва аз шарту шароити зиндагии онҳо дидан намуданд.