ИСТИФОДАИ САМАРАНОКИ ЗАМИН БЕҲТАРИН РОҲИ ЗИНДАГИИ МАРДУМ АСТ.

Темурмалик: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

Истифодаи самараноки заминҳои наздиҳавлигӣ яке аз воситаҳои асосии таъмини зиндагии шоистаи ҳар як сокини Ҷумҳурӣ ба ҳисоб рафта, ҳамзамон заминаи дурусти захирасозӣ барои фасли сармо мебошад. Имрӯзҳо сокинони ноҳияи Темурмалик суханҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Раиси Ҳизбӣ Халқии Демократии Тоҷикистон, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки чунин таъкид мекунанд: “Мо бояд маданияти заминдориро ба таври қатъӣ баланд бардорем, яъне муносибати худро нисбат ба замин, об ва дигар захираҳои табии кишварамон куллан тағйир диҳем, ба холӣ мондани заминҳои корам роҳ надиҳем, аз ҳар як ваҷаб замин, аз ҷумла қитъаҳои замини наздиҳавлигӣ самаранок истифода карда, аз заминҳои обӣ гирифтани ду ва се ҳосил, яъне кишти такрориро васеъ ҷорӣ кунем ва ҳарчи бештар маҳсулот истеҳсол намоем”, шиори худ намуда самаранок меҳнат мекунанд.Имрӯз муовини раис-мудири шуъбаи ташкилӣ ва кор бо кадрҳои КИ ҲХДТ дар ноҳияи Темурмалик Валиев Баҳоваддин. дар мааҳаллаи №9 – и  ноҳия аз корҳои мардуми меҳнатдусти ин маҳаллаи номбурда дидан намуданд маълум шуд, ки сокинон барои гирифтани ду ва се ҳосил аз заминҳои наздиҳавлигияшон ва захираи худро ҷаҳду талош доранд.