МО ҶАВОНОН АМАЛҲОИ МУҒРИЗОНАИ ГУРӮҲҲОИ ТУНДРАВРО МАҲКУМ МЕНАМОЕМ!

Ш.Шоҳин: Созандагони ватан  

Рӯз аз рӯз вазъи сиёсии ҷаҳон печидатару мураккаб гардида, гурӯҳҳои ифротиву тундрав амалҳои нангину муғризонаи худро дар ҳар гӯшаи сайёра роҳандозӣ намуда истодааст. Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун узви ҷудонашавандаи ҷомеаи башарӣ аз ин варта дар канор буда наметавонад. Аз ин рӯ мо ҷавононро зарур аст,ки ҳушёриву зиракии сиёсиро аз даст надода, зери сиёсати инсонпарваронаи Раиси муаззами Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон сарҷамъу тифоқ бошему амалкардҳои гурӯҳҳои тундраву муғризро пайваста маҳкум намоем.

         Бо ҳамин мақсад дар таърихи 3-юми апрели соли равон масъулини ҳизбӣ бо донишҷуёни Филиали омӯзишгоҳи касбии техникии шаҳри Кӯлоби дар ноҳияи Шамсиддин Шоҳинбуда вохӯрӣ доир намуданд.

 Суратгузориш аз ҷараёни баргузории вохурӣ: