ВАТАНАМ ИФТИХОРАМ!

Шаҳритуc: Андеша  

      Ватан, зодгоҳ, калимаи зебо ва хуҷастае аст, ки бо шуниданаш хонаву дар, гаҳвора ва модар пеши назар меояд.

          Бале, Ватан сарнавишту қисмати ҳар як инсон, модари  мушфиқу меҳрубон аст. Агар модарӣ аслӣ моро ба дунёоварда бошад, Ватан ба сарамон дасти навозишкунона гузошта, бароӣ идомаи зиндагии рангин оғуш кушодааст.

Халқи тоҷик аз шумори он миллатҳоест, ки марзу буми худро хеле дуст медорад ва барои ҳастии он ҷонисорӣ мекунад. Қаҳрамониҳои Темурмалику Шерак, Деваштичу Восеъ далели гуфтаҳои болост.

        Шоири шинохтаи тоҷик Лоиқ Шералӣ ибтидои Ватанро аз гаҳвора ва шири поки модар донистааст.

     Ватан сар мешавад аз гаҳвора,

     Зи шири поку аз пистони модар.

      Дар олам чанд муқаддасоти ягона ва такрорнашавандае мавҷуд аст, ки Модару Ватан низ ба он шомил мегарданд. Ҳисси ватандустӣ ба дараљае расидааст, ки хокашро аз тахти Сулаймон ва хорашро аз лолаву райҳон хуштар медонанд.

        Аз ин байти пурмазмун чунин андеша бармеояд, ки Ватан ифтихор шаъну шараф, ноёбтарин неъмат, сарвати бебаҳост, ки онро ба ҳеҷ ганҷе наметавон иваз намуд.

        Муҳаббат ба Ватан асосан дар давраи кудаки зоҳир шуда, минбаъд ташакул меёбад. Инсон ба ҳар зарра хоку ҳар қатра оби Ватан ончунон дил мебандад, ки бе он наметавонад хушбахту бахтиёр бошад. Ҳиссиёти ватандустӣ ин худ садоқат ба Ватан, саъю кушиши ба нафъи вай хизмат кардан мебошад.

Агар ҳамаи мо аз олами расму русум ва анъанаҳои милливу башарӣ баҳраманд гардем, ватани соҳибистиқлоли мо низ ба шумори давлатҳои тараққикарда ва мутамаддин ворид хоҳад гашт. Шукуфоии Ватан ба масъулиятшиносӣ ва некандешии мо вобаста аст.

        Ватан! Чӣ гуна калимаи зебост, сода, дилнишин ва равон. Дар он ҷаҳон-ҷаҳон маъно нуҳуфтааст. Ватан болу пар, бахту иқбол, орзу ва умеди инсон мебошад. Ҳифзи Ватан, ҳимояи манфиатҳои давлат, таҳкими истиқлолият, амният ва иқтидори мудофиавии он вазифаи муқаддаси шаҳрванд аст.

 

Юсупова Г. - мудири шуъбаи кор занон ва ҷавонони КИ ҲХДТ дар ноҳияи Шаҳритус.