ЭКСТРЕМИЗМ ВА ТЕРРОРИЗМ

Шаҳритуc: Вокуниш  

«Терроризм ватан, забон, нажод ва дин надорад. Ин бадбахтии оламшумуле гардидааст, ки ба муқобили он якҷоя мубориза бурда, ба ҳамдигар кӯмак расонда, тадбирҳои худро мувофиқ сохтан зарур аст”. Эмомалӣ Раҳмон.

 

Имрӯз яке аз масъалаҳои муҳиме, ки ҷомеаи ҷаҳониро ба ташвиш овардааст, экстремизм ва терроризм мебошад. Вақте, ки мо калимаҳои экстремизм ва терроризмро мешунавем, ҳодисаҳои нохуш, қатлу ғорат, ноадолатӣ, вайронкориро тасаввур мекунем.

Экстремизм чист?
          Экстремизм - аз калимаи фаронсавии “extremizme” гирифта шуда, маънояш ифродгароӣ, тундравӣ, фикру андешаҳои ғаразнок мебошад. Экстремист шахсест, ки ҷонибдори амалҳои якравию тундравӣ аст. Умуман терроризм ва экстремизм ин ду мафҳум ба ҳам пайваст мебошанд. Экстремистон ва террористон кӯшиш менамоянд, ки ба сафи худ наврасон ва ҷавононро ҷалб намоянд, зеро ки ҷавонон бо зудбоварӣ ба осонӣ ба онҳо пайравӣ менамоянд.

Дар замони мо, ки пур аз таззод, мушкилот, ихтилофу зиддиятҳост, доир ба афзудан ва густариши экстремизм, фундаментализм, терроризм ва дигар зуҳуроту падидаҳои номатлубу хатарафзо зиёд ҳарф мезананд ва менависанд. Маънои аслии «экстремизм» чист ва он чӣ гуна падида аст? Экстремизм – (аз калимаи франсузии «ехtrеmismе» ва лотинии «eхtrеmus») гирифта шуда, маънои аслиаш ифротгароӣ, тундравӣ, фикру андешаҳо ва амалҳои тундравона, аз ҳад гузаштан, аз андоза гузаштан аст.

Экстремист шахсест, ки дар фаъолияти худ ҷонибдори амалҳои якравию тундравӣ аст. Ин амалу зуҳурот метавонад, дар тамоми соҳаҳои фаъолияти инсон – дар дин, сиёсат, идеология, илм ва ҳатто дар варзиш низ ба миён ояд.

Экстремизм ва терроризм аз мафҳумҳоест, ки дар дунёи имрӯза вирди забони ҳама шудааст ва ин ду мафҳум ба ҳам пайваст мебошад. Экстремизм (тундравӣ, аз андоза гузаштан) ба терроризм меорад. Истилоҳи «терроризм»  (аз калимаи лотинии «tеrrоr») маншаъ гирифта, маъноаш «тарс ва ваҳм» аст. Террористон мехоҳанд, мақсаду мароми худро бо роҳи зӯроварӣ, куштор, тарсу ваҳм амалӣ созанд.

Терроризм чист?

Терроризм дар ҳаёти инсоният мафҳуми нав набуда, он  аз давраҳои пеш миёни гурӯҳҳои гуногуни ҷамъият барои ба даст овардани мансаб, давлат ва тарсонидани аҳолӣ пайдо шудааст. Имрӯзҳо ин мафҳум яке аз масъалаҳои муҳими на танҳо дар кишвар, балки дар сатҳи ҷаҳон низ ба ҳисоб меравад. Агар ин мафҳумро аз нуқтаи назари илми ҳуқуқӣ гӯем ин “Содир намудани амалҳои ба монанди хатари марг ба инсоният, бартараф намудани рақибони сиёсӣ, тарсонидани аҳолӣ ва вайрон намудани тартиботи ҷамъиятӣ мебошад.

 

                Чи тавре, ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам  Эмомалӣ Раҳмон пайваста иброз менамояд: “ Имрӯз терроризм ва экстремизм ҳамчун вабои аср ба амнияти ҷаҳон ва ҳар як сокини сайёра таҳдид карда, барои башарият хатари на камтар аз силоҳи ядроиро ба миён овардааст”.

 

Бобоназаров Қ.- директори МДМВ ноҳияи Шаҳритус, аъзои фаъоли ҲХДТ.