ТЕРРОРИЗМ ДИН ВА МАЗҲАБ НАДОРАД

Шаҳритуc: Вокуниш  

Солҳои охир терроризм, экстремизм ва ифротгароӣ вазъи сайёраро ноором карда, ҳайёти мардуми осоиштаро зери хатр гузоштааст.Терроризм, экстремизм ва ифротгароӣ яке аз зуҳуроти номатлуб ба шумор рафта,боиси ба миён омадани оқибатҳои нохуш, таҳдид, зӯроварӣ, таҷовуз, бенизомӣ, ғасби ҳокимият, барангехтани низои миллӣ, иҷтимоӣ ва динӣ мебошад.

          Имрӯз терроризм дар минтақаҳои ҷаҳон доман паҳн карда, барои амнияти давлатҳои алоҳида ва минтақаҳо хатари бузург  эҷод менамояд. Сарфи назар аз тадбирҳое, ки солҳои охир дар бахши мубориза бо терроризм андешида шудаанд, таҳдиди амалҳои нави террористӣ на фақат аз байн нарафтааст, балки афзоиш ёфтааст.Ҳамзамон дар як қатор давлатҳо ҷангҳои харобиовар идома дошта, боиси афзоиши шумораи фирориёни иҷборӣ, бекорӣ, гуруснагӣ ва шиддат гирифтани проблемаҳои дигари иҷтимоӣ гардидааст.

         Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тамоми зуҳуроти номатлуби замони муосир, хусусан, терроризм ва экстремизми диниро маҳкум менамояд. Ва мавриди зикр аст, ки терроризм , экстремизм ва ифротгароӣ ба дини мубини Ислом  иртиботе надошта, ягон дину мазҳаби мушаххас, пайдоиши этникӣ, миллат, нажод ва ҷойгиршавии доимӣ надорад.

         Асосгузори сулҳу ваҳдати  миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар баромадҳояшон пайваста қайд мекунанд, ки  «Терроризм, Ватан, забон, наҷод ва дин надорад. Ин бадбахтии  оламшумуле гардидааст, ки ба муқобили он якҷоя мубориза бурда  ба ҳамдигар кӯмак расонда, тадбирҳои худро мувофиқ сохтан зарур аст».

       Ифротгароӣ дар кадом шакле набошад, ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрвандонро поймол месозад. Дар таблиғи ақидаҳои ифротӣ ташкилотҳои махсуси хориҷӣ дар минтақаҳо манфиат доранд ва ин андешаҳоро миёни ҷавонон таблиғ ва интишор мекунанд. Ҷавононеро ба доми худ мекашанд, ки аз арзишҳои Исломӣ хабар надоранд ва ин дини муқаддасро ҳамчун парчами фаъолияти харобкоронаи худ истифода мебаранд. Бадбахтона шаҳрвандони мо низ дар анҷом додани амалҳои террористии кишварҳои Ироқу Сурия иштирок намуданду бархе аз онҳо қурбонї чунин саҳнаҳо гардиданд, ки боиси таассуф аст.

      Аз ин рӯ  аз ҷавонон даъват ба амал меорем, ки зиракии сиёсиро аз даст надиҳанд ва худро қурбони ин гуна ҳаракатҳо насозанд. Зеро оқибатҳои терроризм моро аз модар, ёру бародар ва аз ҳама муҳим аз Ватан маҳрум месозад. Шукронаи ободию озодии ин давлати маҳбуб карда, барои боз ҳам ободу зебо гаштани он камари ҳиммат бубандем ва ҳаракатҳои террористию ифротгароиро маҳкум намуда, барои пешрафту ободииТоҷикистони азиз саҳмгузор бошем.

 

 Қодиров Ю., аъзои фаъоли ҲХДТ.