Санаи 28 марти соли 2024 бо ташаббуси масъулони КИ ҲХДТ дар ноҳия дар ҳамбастагӣ бо раисони ташкилотҳои ибтидоии “Маорифчиён” “Ҷамоати деҳоти ба номи Х.Холматов”, “Ҷамоати шаҳраки Шаҳритус” бахшида ба 30-солагии таъсисёбии ҲХДТ, таҳти унвони «Рӯзи ободониву созандагӣ» панҷшанбегии дастҷамъона ташкил гардида, бо ҷалби аъзоёни фаъоли ташкилотҳои ибтидоӣ ва аъзоёни фаъоли ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон “Созандагони Ватан” ва волонтёрҳо гирду атрофи ташкилотҳои ибтидоӣ, шоҳроҳҳои маркази ноҳия ва ҷуйборҳои обгузар аз хазонрезаҳо тоза гардида, таги дарахтон нарм карда шуд.