ҶАШНИ НАВРӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ДАР ТАШКИЛОТИ ИБТИДОИИ «САЙЁД»

Шаҳритуc: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

Бо мақсади дар сатҳи баланди сиёсиву фарҳангӣ истиқбол гирифтани ҷашни байналмилалии Наврӯз, санаи  24 марти соли 2024 дар майдони варзишии ташкилоти ибтидоии «Сайёд»  бо иштироки намояндаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Шаҳритус,   масъулини КИ ҲХДТ дар ноҳияи Шаҳритус ва намояндаи ҷамоати деҳоти ба номи Т.Садриддинов, инчунин сокинони  деҳаи Сайёд, ҷавонон, фаъолон, намояндагони васоити омма ва дигар шахсиятҳои расмӣ бо ташкил намудани таомҳои миллӣ, ҳунарҳои мардумӣ, намоишҳои фарҳангӣ,  мусобиқаи варзишӣ  аз қабили гӯштин ва бо оростани дастархони идона барои наврасон, ҷашни Наврӯз дар сатҳи баланд ташкил ва баргузор гардид.