ДИЛ БА ДАСТ ОВАР, КИ ҲАҶИ АКБАР АСТ!

Шаҳритуc: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

Дар асоси нақша-чорабиниҳои ташкилоти ибтидоии  ҳизбии “Ҷамоати шаҳраки Шаҳритус”,    санаи 19 марти  соли 2024 бо ташаббуси раиси ташкилоти ибтидоии  ҳизбии “Ҷамоати шаҳраки Шаҳритус”-и ноҳияи Шаҳритус, вакили Маҷлиси вакилони халқи ноҳия Холзода Лутфия дар якҷоягӣ бо раисони кумитаву маҳаллаҳои ҷамоати шаҳраки Шаҳритус ва иқдоми пешгирифтаи ҷавонон, саховатмандон, соҳибкорон  ва аъзои фаъоли ҳизбии ташкилоти  ибтидоии “Ҷамоати шаҳраки Шаҳритус” дар ҳошияи дастуру роҳнамоиҳои Пешвои миллат, Раиси муаззами Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон  “Дастгирии гурӯҳҳои ниёзманди аҳолӣ аз вазифаҳои хоссаи сохторҳои ҳизбӣ ва аъзои саховатпешаи ҳизб ба ҳисоб меравад”,  ки он ба роҳ монда шудааст.

          Бояд қайд намуд, ки дар арафаи моҳи шарифи Рамазон ва бахшида “Ҷашни байналмиллалии Наврӯз” бо ташаббуси раиси ташкилоти ибтидоии  ҳизбии “Ҷамоати шаҳраки Шаҳритус”-и ноҳияи Шаҳритус, вакили Маҷлиси вакилони халқи ноҳия Холзода Лутфия дар якҷоягӣ бо раисони кумитаву маҳаллаҳои ҷамоати шаҳраки Шаҳритус ва иқдоми пешгирифтаи ҷавонон, саховатмандон, соҳибкорон  ва аъзои фаъоли ҳизбии ташкилоти  ибтидоии  “Ҷамоати шаҳраки Шаҳритус” ба 10-нафар ятимон, маъюбон ва оилаҳои камбизоат, маводҳои ғизоӣ аз қабили орд-10 кг,  равған-5 кг,      макарон -5 кг  ва  маҳсулоти шириниву шири  кӯмак  карда шуданд.