СОХТМОНИ БИНОИ ИЛОВАГӢ БАРОИ ХОНАНДАГОН

Шаҳритуc: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

Дар асоси нақша-чорабиниҳои ташкилоти ибтидоии “Маорифчиён” “Ташвиқ ва баргузории амалиёти “Мактаби ман” ва таъмиру сохтмон ва таҷҳизонидани мактабу боғчаҳо бо ҷалби хатмкунандагон ва дигар фаъолон, инчунин дар ҳамкорӣ бо кумитаҳои маҳаллаву деҳот ва ассотсиатсияи падару модарон” бо ташаббуси ташкилоти ибтидоии “Маорифчиён” (сарвари МТМУ №54 Чориев Ч) ва аз ҷониби кумитаи падару модарон, инчунин иқдоми пешгирифтаи аъзои фаъоли ҳизб ва саховатмандон дар муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №54-и ҷамоати деҳоти ба номи Ҷ. Назаров деҳаи Айвоҷ,  бинои иловаги иборат аз як ошиёна ва 10-синфхона ба истифода дода мешавад.

         Инчунин бо ташаббуси ташкилоти ибтидоии “Маорифчиён” (сарвари МТМУ №54 Чориев Ч.) ва аз ҷониби кумитаи падару модарон, инчунин иқдоми пешгирифтаи аъзои фаъоли ҳизб ва саховатмандон дар муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №54-и ҷамоати деҳоти ба номи Ҷ. Назаров деҳаи Айвоҷ азнавсозии  ишооти   гигиенӣ- ҳоҷатхона ва ҷойи дастшӯӣ бо усули деренажӣ  ба нақша гирифта шудааст.