ҶАВОНОН  -  НЕРӮИ УСУТВОРИ КИШВАР

Шаҳритуc: Созандагони ватан  

Санаи 14.03.2024  масъулини КИ ҲХДТ дар ноҳияи Шаҳритус дар ташкилоти ибтидоии “Маорифчиён” муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №4-и ноҳия, бо иштироки  хонандагони синфҳои болоӣ ва намояндагони ТҶҶ «Созандагони Ватан», ҷиҳати дар амал татбиқ кардани нишондиҳандаҳои Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон  муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, пешгирии ҷавонон аз гароиш ба ҳизбу ҳаракатҳои родикаливу экстремистӣ, зуҳроти бегонапарастӣ, тақлид ба сару либоси бегона ва анъанаҳои номатлуб ва тарбия намудан дар руҳияи садоқат ба халқу Ватан, инчунин оиди сомона ва саҳифаҳои иҷтимоие, ки бо ҳалномаҳои Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ҳамчун таблиғгари ғояҳои экстремистӣ-террористӣ фаъоляташон манъ карда шудааст, тарғибу ташвиқи хизмат ва тарбияи ҳарбӣ  ватандустии ҷавонон ба  сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон, татбиқи ҳатмии Қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд» ва «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон», «Дар бораи тарбияи ватандӯстии шаҳрвандон» ва вусъати корҳои созандагию ободонӣ ба истиқболи 35-солагии Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон хониши сиёсӣ ва суҳбат баргузор  гардид.