ТАРБИЯИ НАВРАСОН ДАР РӮҲИЯИ ВАТАНДӮСТИВУ ХЕШТАНШИНОСӢ

Шаҳритуc: Созандагони ватан  

Дар асоси нақша-чорабиниҳои Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳия дар ташкилоти ибтидоии “Маорифчиён” муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №21-и ноҳия, бо иштироки омӯзгорон ва хонандагони синфҳои болоии муассиса ва намояндагони ТҶҶ «Созандагони Ватан», вохӯрӣ баргузор гардид. Дар он оид ба баланд бардоштани ҳисси Ватандӯстӣ, ифтихор аз таъриху фарњанги худ, ташаккули маърифати  сиёсии  ҷавонон, пешгирии ҷавонон аз гароиш ба ҳизбу ҳаракатҳои экстремистӣ,иҷрои Қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд» ва «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон», «Дар бораи тарбияи ватандӯстии шаҳрвандон» сухан ронда шуд.