ҶАМБАСАИ МУСОБИҚАИ ВАРЗИШИИ  ФУТБОЛ

Шаҳритуc: Созандагони ватан  

 

Санаи 23.02.2024 дар ташкилоти ибтидоии “Машъали Шаҳритус”-и  Колеҷи тиббӣ –иҷтимоии ноҳияи Шаҳритус бо иштироки роҳбарони муасссисаи мазкур, устодон, масъулони КИ ҲХДТ дар ноҳияи Шаҳритус, намояндагони ТҶҶ “Созандагони Ватан” даври финалии мусобиқаи варзишии футбол байни донишҷӯён бахшида ба Рӯзи таъсисёбии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон доир гашт, ки дар он ду даста аз бахшҳои якум ва дуюми факултети “Кори фарматсефтӣ” бо ҳам рақобат намуданд.

Дар натиҷа ҷойи аввал насиби донишҷӯёни бахши якум гашта, ғолибон бо ифтихорномаҳову медалҳо ва тӯҳфаҳо қадрдонӣ карда шуданд.