ОЗМУНИ ИНШОИ БЕҲТАРИН ДАР МАВЗӮИ «ҚУВВАҲОИ МУСАЛЛАҲ - ИФТИХОРИ МИЛЛӢ»

Шаҳритуc: Созандагони ватан  

Дар асоси нақша-чорабиниҳои шуъбаи кор бо занон ва ҷавонони Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи  Шаҳритус, бахшида ба 31-солагии таъсисёбии Кувваҳои мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти унвони «Артиши миллӣ такягоҳи  боэътимоди кишвар», аз санаи 20.02. то 23.02.2024 дар ташкилотҳои ибтидоии “Маорифчиён”- муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии ноҳия ва “Машъали Шаҳритус” донишҷӯёни Колеҷи тиббии иҷтимоии ноҳия, дар мавзӯи «Қувваҳои Мусаллаҳ- ифтихори миллӣ» озмуни иншои беҳтарин баргузор гардид.  

          Аз ҷониби масъулони  Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи  Шаҳритус  ба  хонандагони синфҳои болоии муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №2-и ташкилотҳои ибтидоии “Маорифчиён” ва   донишҷӯёни колеҷи тиббии иҷтимоии ноҳия - ташкилоти ибтидоии “Машъали Шаҳритус, барои ишғоли ҷойҳои  якум ва дуюм бо тӯҳфаҳо сарфароз гардонида  шуданд.