МУСОБИҚАИ ФУТБОЛ БАХШИДА БА РӮЗИ ТАЪСИСЁБИИ ҚУВВАҲОИ МУСАЛЛАҲИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

Шаҳритуc: Созандагони ватан  

 

Дар асоси нақша-чорабиниҳои ташкилоти ибтидоии “Машъали Шаҳритус”-и ноҳия,  “Баргузор намудани чорабинии варзишӣ бахшида ба 31-солагии таъсисёбии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва рӯзи Артиши миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон”, санаи 22.02.2024  бо ташаббуси раиси ташкилоти ибтидоии “Машъали Шаҳритус” Зуҳуриён Х. дар ҳамбастагӣ бо масъулини КИ ҲХДТ дар ноҳияи Шаҳритус  дар майдончаи варзишии ташкилоти ибтидоии “Машъали Шаҳритус”, мусобиқаи варзишии футбол,  байни  донишҷӯёни ташкилоти ибтидоии “Машъали Шаҳритус”, намояндагони ТҶҶ «Созандагони Ватан»  ва волонтёрҳо баргузор гардид. 

          Дар ҷамъбасти мусобиқаи варзишии футбол аз ҷониби масъулони ташкилоти ибтидоии “Машъали Шаҳритус” ва Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи  Шаҳритус  барои ишғоли ҷойҳои  якум, дуюм ва сеюм туҳфаҳо супорида шуд.