МУЛОҚОТҲО БО УСУЛИ “ХОНА БА ХОНА” ҶИҲАТИ САМАРАНОК ИСТИФОДА НАМУДАНИ ЗАМИН

Кушониён: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

Санаи 16-уми апрели соли 2024 Ҳакимзода Миҷгона раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Кӯшониён дар якҷоягӣ бо масъулини ҷамоати шаҳраки Бохтариён бо мақсади иҷрои дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Раиси муаззами ҲХДТ, Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар самти самаранок истифодабарии заминҳои наздиҳавлигӣ ва рӯёнидани ҳосили такрорӣ, истифодаи гармхонаҳо, ҷалби ҷавонон ба Қувваҳои Муссалаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон, пешгирӣ ҷавонон аз ҳаргуна гурӯҳҳои ифротӣ, пешгирии бемориҳои сироятӣ корҳои фаҳмондадиҳро бо усули хона ба хона дар деҳаҳои ҷамоати шаҳраки Бохтариён доир карда шуданд.

Бояд қайд намуд, ки сокинони ноҳияи Кӯшониён дар татбиқи дастуру ҳидоятҳои Пешвои миллат ҷиҳати таъмини амнияти озуқавории кишвар ва бармаҳал ба иҷро раонидани нақшаи даъвати баҳорӣ саҳми сазовор мегузоранд.