ПИЛЛА - АШЁИ ХОМ БАРОИ ТАРАҚҚИЁТИ УСТУВОРИ МАМЛАКАТ

Кушониён:  

Пилапарварӣ яке аз самтҳои афзалиятнокӣ соҳаи кишоварзӣ ба ҳисоб рафта, ин намуди маҳсулот дар таъмини бозори истеҳсолӣ саҳми созгор дорад.

Роҳбарияти Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Кӯшониён, аз шароити нигоҳубин ва кори кирмакпарварони як чанд хоҷагиҳои ноҳия дидан намуд. Бояд қайд кард, ки дар мавсими имсола ба хоҷагиҳои кишоварзии ноҳия зиёда аз 150 – қуттӣ кирмак тақсим гашта, ҳолати афзоиш хеле хуб арзёбӣ мегардад.

Кирмакпарварон нақша доранд, ки афзоиши зиёди пилла истеҳсол намоянд. Дар парвариши кирми пилла саҳми хоҷагидорон ва дигар занони фаъоли ҷамоати шаҳраки Бохтариён арзанда мебошанд.