МАРДУМ ДАР РОҲИ СОЗАНДАИ ҲХДТ ҚАДАМ МЕНИҲАНД!

Кушониён: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

 Бо мақсади сазовор истиқбол намудан аз ҷашни 35-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, дар доираи Аксияи тарғиботӣ - амалии ҳизбӣ таҳти унвони «Якҷоя месозем!» дар Ҷамоати деҳоти Заргар бо иштироки мардуми ватандӯсти деҳаи мазкур ҳашари дастаҷамъона баргузор гардид.

Иштирокдорони ҳашар 350 метр роҳҳои дохили деҳаро, ки бо роҳи муассисаи таълимии №43 ҳампайванд аст, сангфарш  карданд, ки боиси хушҳолии сокинон гардид. Чун, ки роҳҳои байни деҳа дар фасли зимистону баҳор мушкилиҳои зиёдеро ба сокинон ва хонандагон эҷод менамуд.