“РӮЗИ ЁДОВАРӢ” ДАР АМАЛ

Кушониён: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

Санаи 16.04.2024 бо ташаббуси ташкилоти ибтидоии ҳизбии “Маорифчиён” дар деҳаҳои ҷамоати деҳоти "Заргар"- и ноҳияи Кӯшониён, бо ҷалби 100 нафар сокинон, аъзо ва ҷонибдорони ҳизб, тоза намудани дохил ва атрофи қабристонҳо зери унвони “Рӯзи ёдоварӣ” баргузор карда шуд.

         Дар чорабинии ҳизбӣ сокинон ба ҳашари дастаҷамъона баромада, дохил ва атрофи оромгоҳи деҳаи худро аз алафҳои бегона ва растаниҳои худрӯй тоза карда, зери дарахтонро нарм намуданд.

         Ҳамзамон, масъулини ҷамоати мазкур ба иштирокчиён ҷиҳати дастгири намудани амалиёти умумивилоятӣ оид ба тоза намудани дохил ва атрофи қабристонҳо зери унвони “Рӯзи ёдоварӣ” минатдории хешро баён доштанд.  

         Ин ташаббус дар тамоми оромгоҳҳои ҳудуди ноҳия идома дошта, корҳои созандагиву ободонӣ рӯз то рӯз вусъати тоза гирифта истодааст.