СОХТМОНИ ПАРТОВГОҲҲИ МУВАҚАТИ ОҒОЗ ШУД!

Кушониён: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

 Дар чанде аз маҳаллаҳову куҷаҳои ноҳияи Кӯшониён сокинон аз набудани партовгоҳи муайян ва дар ҳафтае ё моҳе як маротиба бурда шудани партовҳои ҷамъшудаашон аз ҷониби Корхонаи хоҷагии комуналии ноҳия нигарони намуда, ҷамъшавии онро зиёновар ба вазъи экологӣ ва саломатии  худ медонанд. Бояд гуфт, ки тозагӣ ба инсон ва амалҳои ӯ алоқамандӣ дошта, ҳамчун мафҳумҳои покӣ, муҳити тоза аз ифлосиҳо, покии обу дигар сарватҳо, покии ашёи рӯзгор, манзили истиқоматӣ, кӯдакони ноболиғу сару либос ва кулли мавҷудоти олами ҳастӣ дониста мешавадАз ҳамин лиҳоз, бо ташаббуси раиси ташкилоти ибтидоии ҳизбии “Ҳифзи муҳити зист” дар ноҳияи Кӯшониён дар ҳудуди ҷамоатҳои шаҳраки Исмоилӣ Сомонӣ ва ҷамоати деҳоти Меҳнатобод сохтмонӣ партовгоҳҳои мувақати оғоз гардида ҳамзамон идома дорад.