МУЛОҚОТҲО БО УСУЛИ “ХОНА БА ХОНА” ҶИҲАТИ САМАРАНОК ИСТИФОДА НАМУДАНИ ЗАМИН

Кушониён: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

 Санаи 15-уми апрели соли 2024 кормандони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Кӯшониён дар ҷамоати шаҳраки И. Сомонӣ бо мақсади иҷрои дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Раиси муаззами ҲХДТ, Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар самти самаранок истифодабарии заминҳои наздиҳавлигӣ ва рӯёнидани ҳосили такрорӣ, ҷалби ҷавонон ба Қувваҳои Муссалаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон, пешгирӣ ҷавонон аз ҳаргуна гурӯҳҳои ифротӣ, пешгирии бемориҳои сироятӣ корҳои фаҳмондадиҳро бо усули хона ба хона дар деҳаҳои ҷамоати шаҳраки Бохтариён роҳандозӣ намуданд.Бояд қаид намуд, ки сокинони ноҳияи Кӯшониён дар тибиқи дастуру ҳидоятҳои Пешвои миллат ҷиҳати таъмини амнияти озуқавории кишвар ва бармаҳал ба иҷро раонидани нақшаи даъвати баҳорӣ саҳми сазовор мегузоранд.