БАРГУЗОРИИ МУСОБИҚАИ ҶУМҲУРИЯВӢ АЗ НАМУДИ УШУ ДАР НОҲИЯИ КӮШОНИЁН

Кушониён: Созандагони ватан  

Санаи 15 март дар доираи нақша-чорабиниҳои ташкилоти ибтидоии ҳизбии Ҷавонон ва варзиш дар толори варзишии "Истиқлол"-и ноҳияи Кӯшониён мусобиқаи варзишӣ аз намуди "УШУ" байни наврасону ҷавонон ва сокинони ноҳияи Кӯшониён баргузор гардид.

Дар мусобиқаи мазкур мураббиён ва варзишгарон аз саросари кишвар иштирок намуданд, бо медалу диплом ва туҳфаҳои хотиравӣ қадрдонӣ гардиданд.

Инчунин варзишгарони ғолиб соҳиби роҳхат барои иштирок дар мусобиқаҳои сатҳи байналмиллалӣ гардиданд. Инчунин варзишгарони ноҳияи Кӯшониён дар мусобиқаи мазкур фаъолона иштирок намуда сазовори ҷойҳои намоён шуданд.