ВАРЗИШ ВОСИТАИ МУҲИМИ БЕҲДОШТИ САЛОМАТӢ ВА ТАШАККУЛИ ҶИСМОНИИ ИНСОН МЕБОШАД

Кушониён: Созандагони ватан  

Варзиш воқеан ҳам воситаи муҳими беҳдошти саломатӣ ва ташаккули ҷисмониву маънавии инсон буда, мунтазам машғул гардидан бо он махсусан дар замони ҳозира бисёр муфид аст. Бо мақсади тарғиби тарзи ҳаёти солим, рушди тарбияи ҷисмонӣ ва варзиш, баланд бардоштани худшиносиву худогоҳӣ ва ҳувияти милии ҷавонон ва оммавӣ гардонии намуди бозиҳои варзишӣ дар ташкилоти ибтидоии ҳизбии Ҷавонон ва варзиш” миёни наврасону ҷавонони ноҳияи Кӯшониён мусобиқаи варзишӣ оид ба бозии волейбол доир гардид.

Мусобиқаи мазкур таҳти роҳбарии раиси ташкилоти ибтидоии мазкур баргузор гардида, масъулони бахши кор бо ҷавонон ва варзиши ноҳия довари ва баҳогузорӣ намуданд. Боиси қайд аст, ки ин иқдоми мазкур бо мақсади оммавигардонии варзиш, баланд бардоштани сатҳи маҳорати варзишӣ, тарбияи ҷисмонӣ ва тарзи ҳаёти солим ва ҳифзи солимии наврасону ҷавонон ба роҳ монда шуда, дар он 2 даста бо ҳам қувваозмоӣ намуданд.

Дар охир дастаҳои ғолиб аз ҷониби ҳакамон муайян гардида, барои иштирок ба даври дигари бози роҳ ёфтанд.