АКСИЯИ ИДОНА БАХШИДА БА РӮЗИ МОДАРОН

Кушониён: Созандагони ватан  

Санаи 6 марти соли 2024 Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Кӯшониён бахшида ба омад-омади баҳори фаррухпай ва таҳлили ҷашни 8-уми март “Рӯзи модарон” дар маркази ноҳия миёни сокинон аксияи идона зери унвони “Модар фариштаи рӯйи заминӣ” баргузор гардид. Зимни баргузории аксияи идона масъулини Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар Кӯшониён тамоми кормандони ташкилоти ибтидоии ҳизбиро бо иди баҳору Рӯзи Модар муборакбод намуда, ба онҳо варақаҳои табрикотии идонаи баҳориро тақдим намуданд.

Ёдовар бояд шуд, ки таваҷҷуҳу ғамхории давлату Ҳукумати кишвар нисбати занону модарон беандоза буда, онҳо ҳамеша мавриди қадршиносиву эҳтиром қарор доранд.

Дар аксияи “Рӯзи модар” духтарони атлапӯши аъзои ТҶҶ “Созандагони Ватан” фаъолона иштирок намуда, дар мавзуъҳои баҳор Модар, зан ва мавсими кишту кор шеъру ғазалхонӣ намуданд.