ҚУВАҲОИ МУСАЛЛАҲ-ТАКЯГОҲИ БОЭЪТИМОДИ ВАТАН

Кушониён: Созандагони ватан  

Зери чунин унвон санаи 23- юми феврали соли ҷорӣ бахшида ба 31-умин солгарди Рӯзи таъсисёбии Қувваҳои мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ташаббуси директори муассисаи таълимии №20-и ташкилоти ибтидоии ҳизбии "Маорифчиён" ва бо иштироки аъзоёни ташкилоти ибтидоии ҳизбӣ чорабинии бошукӯҳи тантанавӣ байни донишомӯзони муассиса баргузор гардид.

Бояд қайд кард, ки ҳамасола Рӯзи Артиши миллиро 23-юми феврал дар сар то сари Тоҷикистон ҷашн мегиранд. Дар Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон моддаи 43 чунин оварда шудааст: «Ҳифзи Ватан, ҳимояи манфиати давлат, таҳкими истиқлолият, амният ва иқтидори мудофиавии он вазифаи муқаддаси шаҳрванд аст».

Ҳарчанд, ки Артиши миллии мо дар вазъияти бисёр вазнини сиёсиву иқтисодии кишвар таъсис дода шуда, ва дар натиҷаи тадбирҳои мунтазам андешидаи Ҳукумати мамлакат марҳила ба марҳала устувору қавитар гардида, имрӯз бо кадрҳои донишу малакаи баланди касбӣ, техникаву таҷҳизоти муосир таъмин мебошад ба нерӯи мунтазами дорои ҷузъу томҳои замонавӣ, ки он зодаи Истиқлолияти давлатӣ аст, табдил ёфт.