ПАЁМИ ПРЕЗИДЕНТИ МАМЛАКАТ - РОҲНАМОИ ЗИНДАГИИ ШОИСТА

Кушониён: Ҳисобот  

Бо мақсади фаъол гардонидани аҳолӣ ҷиҳати пешгирии ҷавонон аз ҳизбу ҳаракатҳои террористӣ, пешгирии корҳои коррупсионӣ ва ба мардум фаҳмонидани нуқтаҳои Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ, имрӯз дар ташкилоти ибтидоии ҳизбии “БММҒ” бо иштироки мудири бахши омори Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Кӯшониён Абдуллоев Мирвоҳид ва аъзоёни ҳзбӣ вохӯрӣ баргузор гардид.

Зимнан иштирокдорон дар мулоқот вобаста ба муҳтавои Паёми Пешвои миллат муфассал суханронӣ намуда, иброз доштанд, ки иҷрои саривақтии дастуру супоришҳои дар Паём ироашуда вазифа ва дастурамали корӣ ба ҳар як шаҳрванди худогоҳу ватандӯст мебошад ва моро мебояд барои иҷрои вазифаҳои худ фаъол бошем ва бо амалҳои созанда содиқ будани худро дар назди халқу Ватан собит намоем.

Чунин мулоқот бо мақсади шарҳи нуктаҳои муҳими Паём ва фаъол гардонидани аҳолӣ дар самти ободониву хуррамгардонии Ватани азизамон бо ташаббуси Кумитаи иҷроияи ноҳиявӣ идома дорад.