ТАБЛИҒИ ТАШАББУСҲОИ ҲИЗБӢ

Кушониён: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

Бо мақсади амалӣ намудани ҳадафҳои Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон ва дар ҳошияи аксияи ҳизбии “Якҷоя месозем” кормандони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Кӯшониён бо мақсади азнавсозии иншоотҳои гигиенӣ дар манзилҳои истиқоматӣ, муассисаҳои таълимӣ, корхонаву коргоҳҳо ҳамарӯза миёни аҳолии ноҳия корҳои тарғиботиву ташвиқотӣ баргузор намуда истодаанд.

Боиси хурсандиовараст, ки ташаббуси пешниҳод намудаи ҳизбӣ вобаста ба сохтани иншооти гигиенӣ ва бо усули дренажиро мардуми маҳал дастгирӣ намуда, иншооти гигиениро дар манзилҳояшон бо усули дренажӣ ва бо ҷойҳои дастшӯии алоҳида, хатти оби гармухунук ва замонавӣ сохта истифода намуда истодаанд.

Бояд кайд намуд, ки гигиенаи шахсӣ ин маҷмӯи қоидаҳои беҳдошт мебошад, ки иҷрои онҳо баҳри саломатии инсон мусоидат мекунад.

Ба гигиенаи шахсӣ покизагии бадан, курпаву болин, сару либос, тозагии манзил ва риояи мунтазами он ва тозагии иншоотҳои гигиенӣ дохил мешавад. Яъне, тозагӣ шарти асосист. Бо риояи қоидаҳои гигиенаи шахсӣ худ ва наздиконро метавон аз бемориҳои сироятӣ ҳифз намуд.