БАРГУЗОРИИ МАҶЛИСИ ҲИСОБОТӢ-ИНТИХОБОТӢ ДАР ТАШКИЛОТИ ИБТИДОИИ "Д. САРИЧАШМА"

Кушониён: Ҳисобот  

Дар асоси ҷадвали тасдиқгардидаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон, дар ташкилоти ибтидоии ҳизбии «Д.Саричашма» маҷлиси ҳисоботӣ-интихоботӣ баргузор гардид, ки дар он корманди Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Кӯшониён Гулова Сафаргул иштирок намуданд.

Сараввал, Раиси ташкилоти ибтидоии ҳизбии «Д.Саричашма» Раҳимов Раҳмон оид ба фаъолияти ташкилоти ибтидоӣ аз моҳи июли соли 2022 то моҳи июли соли 2023 ҳисобот дода, вазифаҳоро барои фаъолияти минбаъда муайян намуд.

Ҳамчунин, дар маҷлис дигар масъалаҳо низ баррасӣ гардиданд, ки тибқи муқаррарот Раҳимов Раҳмон раиси ташкилоти ибтидоии ҳизбии «Д.Саричашма» аз нав интихоб гардид.

Сипас, дар идомаи маҷлис корманди Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Кӯшониён зимни баромад оиди ҷоннок намудани фаъолияти ташкилоти ибтидоӣ, иштироки фаъолонаи аъзои ҳизб дар чорабиниҳои сиёсиву фарҳангӣ, тақвият бахшидани фаъолияти ҳизбӣ, тарбияи насли наврас дар руҳияи ватанпарастиву хештаншиносӣ, вусъат додани корҳои созандагиву бунёдкорӣ баҳри сазовор пешвоз гирифтани Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, истифодаи самараноки ҳар ваҷаб заминҳои наздиҳавлигӣ ва аз онҳо рӯёнидани 3-4 ҳосил, захираи дусолаи маводи ғизоӣ ва дигар масъалаҳо суҳбат намуд.