ВОХӮРИИ ГУРӮҲИ КОРӢ БО УСУЛИ "ХОНА БА ХОНА"

Қубодиён:  

Муовини раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Қубодиён Хаимова Малоҳат бо сокинони деҳаи Чорбоғи Ҷамоати деҳоти ба номи И. Ниёзов вохӯрӣ баргузор намуд.   дар вохӯрӣ бо усули хона ба хона доир ба мавзӯъҳои ободу зебо гардонидани ҷои манзили зист, истифодаи сарфакоронаи неруи барқ, риояи қоидаҳои зидди сӯхтор, корҳои ободонию созандагӣ, пешгирии ҷудошавии оилаҳо, пешгирии ҷинояту ҷинояткорӣ, тарбияи дурусти фарзанд, риояи талаботи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим" корҳои фаҳмондадиҳӣ гузаронида шуд. Бо оилаҳо оид ба манфиати сафарбар намудани фарзандон ба сафи Қувваҳои мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон, камхарҷ баргузор намудани тӯю маъракаҳо, захираи дусолаи маводи ғизоӣ, ба ҷои ҳаҷҷи дубораву себора ба одобкориву созандагӣ даст задан, аз қабили таъмири пулҳо, сохтмони боғчаҳо, синфхонаҳои иловагӣ, бунгоҳҳои тиббӣ таъкидҳо карда шуд.