ТЕРРОРИЗМ ВА ТАЪСИРИ ОН БА ҶОМЕАИ ИМРӮЗА

Қубодиён: Вокуниш  

Яке масъалаҳои муҳим ва ногуворе, ки ҷомеаи ҷаҳонӣ ва ҷумҳурии моро низ ба ташвиш овардааст, терроризм ва ифротгароӣ мебошад. Терроризм ва ифротгароӣ яке аз зуҳуроти номатлуб дар замони имрӯза ба шумор меравад, зеро он боиси ба миён омадани оқибатҳои нохуш – таҳдид  ё истифодаи зӯроварӣ, расонидани зарари вазнин, бенизомӣ, тағйири сохти Конститутсионӣ дар мамлакат, вазъи ҳокимият ва аз они худ кардани ваколатҳои он барангехтани низои миллӣ, иҷтимоӣ ва диннӣ мебошад. Терроризм аз нуқтаи назари ҳуқуқӣ чунин аст; “Ин содир намудани амалҳое мебошанд, ки ба одамон хатари марг ба миён меоварад, истифодаи он мақсади ҷисмонӣ, бартараф намудани рақибони сиёсӣ, вайрон кардани бехатарии ҷамъиятӣ, тарсонидани аҳолӣ ё расонидани таъсир барои аз тарафи ҳокимият қабул кардани қарорҳо мебошад”. Бархе аз ҷавонони мо барои ҷиҳод ба давлати Сурия рафтанд. Ҷавононе ки имрӯз дар чунин самт  мераванд онҳо нафароне ҳастанд, ки тарбияи хуби оиларо надоранд ё аз илму фарҳангу сиёсат хабардор нестанд. Дар садсолаи нав  масъалаи ифротгарои ва терроризм на танҳо  мушкилии як давлати  алоҳида,  балки монеа ва хатар ба ҷомеаи ҷаҳонӣ ба шумор меравад. Имрӯз дар олам ҳудуди 500 гурӯҳу созмонҳои ғайрирасмии террористӣ ба қайд гирифта шудааст. Аз воқеаҳое, ки вақтҳои охир  дар хоки давлатҳои гуногуни дунё сар зада истодаанд, маълум мегардад, ки барои афроди террористу ифротгаро ягон муқаддасот – Ватан, миллат, дин ва мазҳаб арзише надоранд. Барои расидан ба ҳадафҳояшон  онҳо аз зӯроварию ваҳшоният  даст намекашанд.

           Мутаасифона, мебояд зикр кард, ки ҷомеаи ҷаҳон то ҳол дар бораи  шинохти терроризм ба хулосаи ягона нарасидааст. Маҳз дар чунин шароит  баъзе  давлатҳо  дар қаламрави  худ бар зидди терроризм  мубориза бурда, ҳамзамон  терроризми фаромиллиро дар кишварҳо ва минтақаҳои дигар бавосита ё бевосита  пуштибонӣ менамоянд ва мехоҳанд террористонро ба ҳайси муборизони роҳи озодӣ, истиқлолият ва ҳувияти миллӣ муаррифӣ созанд.

       Террористон барои ноил гардидани  ҳадафи худ  аз таркиш,  оташ задан вайрону валангор кардани  объектҳои махсусан муҳим истифода менамоянд.Дар тули солҳои мавҷудияти  худ ТТЭ ҲНИ  аз ҳамаи ин амалҳои  нангину  ғайриинсонӣ истифода кардааст. Чунин террористон аз рабудани одамон  ва ба гаравгон гирифтани онҳо   истифода карда, ҳатто нисбати кормандони ташкилотҳои  байналмилалӣ  низ ин амалро раво дидаанд.

        Бояд гуфт, ки  имрӯз ягон кишвари дунё наметавонад дар алоҳидагӣ бо зуҳуроти хатарбори терроризм, ифротгароӣ ва дигар таҳдиду  хатарҳои замони муосир мубориза бурда, муваффақ гардад.

      Ҳамчун хулоса таъкид намудан зарур аст, ки таҳдиду  хатарҳои  ҷиддие, ки имрӯз  авзои минтақа  ва ҷомеаи ҷаҳонро ба ташвиш овардаст,  ҷомеаи моро зарур аст, ки аз ҳар гуна  созмону гурӯҳҳои ифротӣ ҳазар намуда, таъмини якпорчагии  давлату миллат ва сулҳу ваҳдати Ватани азизамонро пос дошта, кишварамонро  барои имрӯзу фардои  насли оянда ободу зебо гардонем. Ҳамин тариқ, барои мубориза бурдан алайҳи экстремизму терроризм бояд ҳамаи қишрҳои ҷомеа масъулиятшинос бошанд, бо сохторҳои қудратӣ ҳамкорӣ намоянд ва мардумро аз таъсири ин вабои аср эмин нигоҳ доранд.

 

 

  Муовини раиси  Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Қубодиён Хаимова Малоҳат